Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд.
Тавре дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар баробари мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ-фарҳангӣ ва оммавӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуда, марҳилаи аввал ва дуюми баргузории он дар сатҳи шаҳру ноҳия, вилоят ва минтақаҳои мамлакат бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва варзишгарон бомаром идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, дзюдо, самбо, юнону румӣ, гӯштини миллӣ, таэквондо, каратэ – до, футбол, тенниси рӯйи миз ва ғайраҳо доир карда мешаванд.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






