Ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мамлакат 300 мусобиқаи варзишӣ доир карда мешаванд

Ноябрь 14, 2019 10:07

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мамлакат баргузории беш аз 300 мусобиқаи варзишӣ дар назар аст.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, гӯштини миллӣ, тарзи озод, юнону румӣ, дзюдо, таэквандо, каратэ, вазбардорӣ, навъҳои гуногуни варзиши сабук, гимнастикаи бадеӣ ва ғайраҳо доир карда мешаванд.

Мусобиқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, мақсад аз он  оммавӣ гардонидани  варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пеш аз ҳама, ҷонибдорӣ ва пайравӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мусобиқаҳои  варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа, инчунин дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо доираи васеи варзишгарону ҷавонон, наврасон  ва алоқамандони ҳаёти солим доир карда мешаванд.

Ноябрь 14, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд