«БАРФИ НАВ АЗ МОВУ БАРФӢ АЗ ШУМО…». Душанбе бо пироҳани сап-сафед боз ҳам нозанину дилработар гардидааст
ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе барфи аввал борид. Дар пойтахт соли 2016 — 24 ноябр, соли 2017 -2 декабр ва соли 2018 – 29 январ барфи аввал борида буд.
Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР ва Тоҳир САИД.
Инак, баъди чанд соати резиши барф пойтахт пироҳани сап-сафед ба бар карда, боз ҳам нозанину дилработар гардидааст. Бориши барфи аввал хурду калони шаҳри Душанберо хушҳол кард. Чеҳраи кушодаи онҳо ҳангоми сайру гашт дар кӯчаҳои пурбарфи Душанбе аз хушҳолӣ ва дер боз мунтазири боридани он буданашон гувоҳӣ медиҳад. Барфи аввал зуд об мешавад, вале хотироти он то дер дар қалбҳо боқӣ мемонад, ёдҳоро ба таҳрик меорад. Барфи аввал мисли мухаббати аввал аст, ки дилҳоро ба шӯр оварда, ноаён ё ногаҳон ғайб мезанад.
Боридани барф як ҳодисаи муқаррарии табиат аст. Вале шояд аз он, ки мардуми мо сафедиро ҳамчун рамзи покию беолошӣ медонанд, ҳар зимистон боридани онро бесаброна интизорӣ мекашанд.
Воқеан, вақте барф меборад, гӯё замину осмон сафед мешаванд, мӯъҷиза рух медиҳад, ҳама ҷо нур мегирад, дили мо ба ваҷд меояд, зеро барф на танҳо замину само, балки дилу рӯҳи инсонҳоро низ сафеду пок месозад.
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон аз боридани барф боз ҳам зебову пуршукӯҳтар гардида, касро ба илҳом оварда, ғарқи эҳсосоти хуш мегардонанд. Шояд ин ҳам як сабаби ба барф муҳаббат доштани мардуми мо бошад.
Гузаштагони мо боридани барфро файзу баракат арзёбӣ мекарданд ва онро «кӯрпаи замин» меномиданд. Аз боридани он хурсанд мешуданд, зеро барфро неъмат ва пайке аз соли бобаракат, серҳосилӣ ва сурхрӯии марди деҳқон меҳисобиданд.
Аз замонҳои қадим дар байни мардуми тоҷик ҳангоми боридани барфи аввал «Маросими барфӣ» сурат мегирифт, ки он дар шаклҳои гуногун то имрӯз боқӣ мондааст. Ин маросим барои баъзе мардумони ҳамсояи тоҷикон, масалан, ӯзбекҳо маъмул аст.
Пас аз боридани барфи аввал чанде аз сокинони деҳа, хешу ақрабо ҷамъ омада, маслиҳат мекунанд, ки бояд касе ба хонаи яке аз дӯстон, хешовандон барфӣ бибарад. Барфӣ матне буд навишта дар коғаз ба назм ё наср (бештар матни манзум маъмул буд). Шахси оварандаи барфӣ ба хонаи хеши интихобшуда меомад. Ӯ дар сари хони меҳмонӣ менишаст. Мактуб, номаи барфии овардаашро ноаён дар зери кӯрпача, болишт ва ё ҷойи дигаре мегузошт ва пас аз он ки аз хона ва ё ҳавлӣ берун мешуд, соҳибхонаро огоҳ мекард, ки ӯ қосиди оварандаи барфӣ мебошад ва худ роҳи гурезро пеш мегирифт. Агар қосид то хонаи худаш давида меомад ва аз ҷониби соҳибхона дастгир намешуд, ғолиб ба шумор мерафт ва соҳибхона маҷбур буд шартҳо, талаботу тақозои дар барфӣ навишташударо ба ҷо биёрад.
Яке аз матнҳои маъмули барфӣ бад-ин қарор аст:
Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову «барфӣ» аз шумо.
Зарра-зарра барф меборад сафед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Пас аз ин мисраъҳо мушаххасан номи соҳибхона, анвои зиёфат – манту, палав, самбӯса, қурутоб, шакароб ва ғайраро сабт мекарданд.
Баъзан барфиро ба шакли мувашшаҳ менавиштанд, то ин ки каси онро гирифта, ба зудӣ аз барфӣ будани он огоҳ нагардад:
Ба чашмони хуморолудаат, эй маҳ, гирифторам,
Рухат бинмо, қиёмат кун, аҷоиб номае дорам.
Фитода бар сари роҳат в-агар сар бар замин дорам,
Яке ҳарфе зи ҳар мисраъ ба маънӣ муддао дорам.
Аз сарҳарфи мисраъҳо калимаи «барфӣ» ҳосил мешавад.
Рӯзи боридани барфи аввал мардум ба омадани қосидон – оварандагони барфӣ омода мешуданд. Соҳибхона аҳли хонаводаро таъкид мекард, ки аз дасти ҳар касе нома нагиранд ва ё агар нома оварда шавад, ба дастгир кардани қосид омода бошанд. Баъзан барфиро аз деҳае барои аҳли деҳаи дигар меоварданд. Барои дастгир намудани қосид сокинони деҳа аспҳоро зин карда, нигоҳ медоштанд, то ин ки аз паси қосид битозанд ва ӯро дастгир бикунанд. Дар ин ҳолат манзараи завқовари пойгаҳ ба вуқӯъ мепайваст. Агар қосид-оварандаи барфӣ дастгир мешуд, ӯро «ҷазо» медоданд, дар хар чаппа савор мекарданд, ба рӯяш сиёҳии дег мемолиданд, ба гарданаш бӯрёи кӯҳна меовехтанд ва ғайра. Инчунин шахси дастгиршуда ва ҳамроҳонаш маҷбур буданд шартҳои дар номаи барфӣ навишташударо иҷро намоянд.
Аз маводи фолклории дар шуъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ҷамъ овардашуда бармеояд, ки маросими барфӣ дар шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ – Самарқанду Бухоро, вилояти Кашқадарё, водиҳои Ҳисору Хатлонзамин, кӯҳистони Рашту Дарвозу Помир ва дигар мавзеъҳо бо оростани хони пурнозу неъмат, сурудхонӣ, гурӯғлисароӣ, масхарабозӣ ва ғайра сурат мегирифт. Дар бораи барфӣ дар осори хаттӣ ҳам маълумот дода шудааст. Масалан, шоир, хаттот Тамҳиди Самарқандӣ дар бораи баргузор кардани маросими барфӣ аз ҷониби занони Самарқанд сухан ронда, шеъри барфӣ иншонамудаи занонро овардааст:
Реза-реза барф меборад сафед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Хонаҳоро гарм сохта аз алав,
Дулмаҳову мантуву оши палав.
Нони тафтону мавизи соягӣ,
Гӯшти каклик пора карда хосагӣ.
Кулчаҳои кунҷидину ширмол,
Нону олуву дилафрӯзу анор…
Ҳофизи хушхону танбӯру дутор,
Ною ғижжак, дӯстони беғубор….
Барфи аввал бароятон муборак бод, хонандагони азиз! Бигузор ҳамроҳ бо қадами сафеди барфи аввал ба кошонаи шумо ва пайвандонатон бахти сафед ворид шавад!
Суратгири АМИТ «Ховар» кӯчаву хиёбонҳои пурбарфи Душанбе ва сокинони хушҳоли онро акбардорӣ намуд, ки пешкаши Шумо мегардонем.