БАРОИ СУЛҲ ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми сулҳи Париж ширкат мекунанд

Ноябрь 12, 2019 11:57

ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо даъвати ҳамтои франсавии худ Эммануэл Макрон бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор доранд, ҳамроҳ бо сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як  қатор мамлакатҳо дар маросими ифтитоҳи Форуми дуюми ҷаҳонии сулҳ дар Париж (Paris Peace Forum) иштирок менамоянд.

Ҳамоиши  мазкур 12-13 ноябр дар Толори бузурги «La Villette Park»-и пойтахти Франсия баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи форум имрӯз, соати 9:30 бо вақти маҳаллӣ (13:30 бо вақти Душанбе) бо сухани шодбошии Президенти Франсия Эммануэл Макрон баргузор мегардад.

 Дар форум Дабири кули СММ Антониу Гутерриш, сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 30 кишвари дунё, аз ҷумла президентҳои Тоҷикистон, Эстония, Камерун, ҶАҶ, Чад, Конго, Нигер, Мали, Сербия, Косово, Албания,  сарвазирони Арманистон, Белгия, канслери Австрия, муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Коммиссияи Аврупо, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Оғохони IV  ва дигарон  ширкат меварзанд. Дар маҷмӯъ, дар форуми мазкур наздики 6 ҳазор  меҳмонон дар  60 ҳайат, аз ҷумла 30 нафар намояндагони баландпояи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳам меоянд.

Дар муқобили мушкилоти тартиботи ҷаҳонӣ ва дар шароите, ки ҳамкории бисёрҷониба зери суол қарор мегирад, Форуми сулҳи Париж тамоми иштирокдорони манфиатдорро ба ҳам оварда,  пешбурди лоиҳаҳоро таъмин  менамояд ва  ташаббусҳои нав пешниҳод мекунад. Форум ҳамчун як майдони мубоҳисаи байналмилалии сатҳи баланд таъсис ёфтааст, ки дар он муколамаи мустақим оид ба масъалаҳои муҳими ташаннуҷи байналмилалӣ сурат мегирад.

Имсол форум ба мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, амнияти киберӣ ва сифати идоракунии давлатӣ бахшида шудааст.

«Форуми сулҳи Париж  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон  таъсис ёфтааст  ва ҳадафи он тасдиқи дубораи муҳимияти ҳамкории бисёрҷониба ва амалиёти дастаҷамъона мебошад», — иттилоъ доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар  маркази матбуоти форум дар Париж.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати Форуми сулҳи Париж Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия, ки Ҷумҳурии Франсияро намояндагӣ мекунад, инчунин Бунёди Миллии Илмҳои Сиёсӣ, Бунёди Кёрбер (Fondation Körber), Бунёди Мо Иброҳим (Fondation Mo Ibrahim), Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Франсия ва Донишкадаи Монтеня шомил мебошанд.

Ноябрь 12, 2019 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон