Дар Бишкек бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 ноябр, дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Бозӣ соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 –и вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии имрӯза дар мубориза барои ҷойҳои дуюм дар гурӯҳ ҳалкунанда хоҳад буд. Айни ҳол дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар кадом 6-холӣ доранд.
Ба дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ бо дастаи Қирғизистон муваффақият орзумандем!
Ҷоми ҷаҳон 2022. Мусобиқаи интихобӣ
Даври дуюм Гурӯҳи F. Марҳилаи 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Қирғизистон -Тоҷикистон
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов.
Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе
Сардовар: Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷасим (Қатар).
Нозири довар: Висва Натан Кришнан (Сингапур).
Комиссари бозӣ: Ҷаемин Шин (Кореяи Ҷанубӣ).
| Б | Ғ | М | М | Г | И | ||
| 1 | Япония | 4 | 4 | 0 | 0 | 13-0 | 12 |
| 2 | Қирғизистон | 4 | 2 | 0 | 2 | 9-4 | 6 |
| 3 | ТОҶИКИСТОН | 4 | 2 | 0 | 2 | 5-7 | 6 |
| 4 | Монголия | 4 | 1 | 0 | 3 | 2-9 | 3 |
| 5 | Мянма | 4 | 1 | 0 | 3 | 4-13 | 3 |








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






