Дар Бохтар ба шарафи Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади идона гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10 ноябр дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони соҳа ҷамъомади идона баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нахуст собиқадорон ва кормандони мақомоти милитсияро муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода табрик намуданд.
Раҷабалӣ Раҷабов дар назди иштирокдорон аз таърихи милитсияи тоҷик ва роҳҳои тайнамудаи он сухан гуфт. Номбурда аз қаҳрамониҳои беназир ва ҷонфидоиҳои кормандони милитсия дар таҳким ва пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа ёдовар шуда, таъкид кард, ки халқу миллат ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватанро қадр намуда, ба он эҳтиром мегузорад.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имкон фароҳам омад, то малакаву дониш ва касбияти кормандони мақомоти милитсияи тоҷик ба тадриҷ рушд ёфта, онҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид гардид, ки нақши ин неруи тавонои мамлакат дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва кушодани ҳама гуна ҷиноятҳо ниҳоят бузург аст.
Сипас барои меҳнати софдилона ва пуршараф дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ба муносибати Рӯзи милитсия як зумра кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бо «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин як гурӯҳ кормандон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон барои хизмати содиқона ва софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» қадрдонӣ шуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилдоят ба 140 нафар оилаҳои кормандони зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтида, собиқадорон, дружиначиён, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», кормандоне, ки ҳангоми хизмат маъюб гардиданд ва дигар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маблағҳои пулию молӣ расонида шуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ, ки дар он суруду таронаҳои дилангези ҳунармандони вилоят ва ҷумҳурӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид, анҷом ёфт.












Ҳабибулло Воҳидзода прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид






