Дар Бохтар ба шарафи Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади идона гузаронида шуд

Ноябрь 9, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 09.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10 ноябр дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки  кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  ва собиқадорони соҳа ҷамъомади идона баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, нахуст   собиқадорон ва  кормандони мақомоти милитсияро  муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва  сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода табрик намуданд.

Раҷабалӣ Раҷабов дар назди иштирокдорон  аз таърихи милитсияи тоҷик ва роҳҳои тайнамудаи он сухан гуфт. Номбурда аз қаҳрамониҳои беназир ва ҷонфидоиҳои кормандони  милитсия дар таҳким ва пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва  суботи ҷомеа ёдовар шуда, таъкид кард, ки халқу миллат  ҷоннисориҳои  фарзандони содиқи Ватанро қадр намуда, ба он эҳтиром мегузорад.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имкон фароҳам омад, то малакаву дониш ва касбияти кормандони мақомоти милитсияи тоҷик ба тадриҷ рушд ёфта, онҳо ба дастовардҳои назаррас  ноил  гарданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид гардид, ки нақши ин неруи тавонои мамлакат дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва кушодани ҳама гуна ҷиноятҳо  ниҳоят бузург аст.

Сипас  барои меҳнати софдилона ва пуршараф дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ба муносибати Рӯзи милитсия як  зумра  кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бо «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин як гурӯҳ кормандон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон барои хизмати содиқона ва софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» қадрдонӣ шуданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилдоят ба 140 нафар оилаҳои кормандони зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтида, собиқадорон, дружиначиён, ҷавонони гурӯҳи «Авангард», кормандоне, ки ҳангоми хизмат маъюб гардиданд ва дигар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маблағҳои пулию молӣ расонида шуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ  бо барномаи фарҳангӣ, ки дар он  суруду таронаҳои дилангези  ҳунармандони вилоят ва ҷумҳурӣ  пешниҳоди иштирокдорон гардид, анҷом ёфт.

Ноябрь 9, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст