Дар Душанбе Конфронси XXIХ ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид

Ноябрь 1, 2019 13:45

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси XXIХ ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар конфронси мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия аз моҳи июли соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 ҳисобот дода, вазифаҳои минбаъдаи онро муайян намуд.

Зикр гардид, ки мақсад ва ҳадафи ҲХДТ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ, мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, инчунин иттиҳоди нерӯҳои солимӣ ҷомеа ва бо ин роҳ баланд бардоштани некуаҳволии халқ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат равона гардидаанд.

Дар конфронс ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи  Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти молиявии он дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Вакилони Конфронс оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, 102 нафар вакил барои иштирок дар Конфронси XVIII ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе пешбарӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳ аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи барномаҳои ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипосномаи   мақомоти болоии ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ноябрь 1, 2019 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд