Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиб ва ҷоизадорони Лигаи футболи ҷавонони ҷумҳурӣ сурат гирифт

Ноябрь 28, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиб ва ҷоизадорони Лигаи футболи ҷавонони ҷумҳурӣ (U-18) баргузор гардид. Дар ин бора  аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, Алишер Урунов, котиби генералии федератсия Давлатманд Исломов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасон Увайдо Давлатбеков ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фатҳулло Ҷалилов ширкат намуданд.

Дастаи Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев чемпиони Тоҷикистон миёни ҷавонон гардид. Медалҳои нуқраро дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва медалҳои биринҷиро дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ба даст оварданд.

Хусрав Тоиров (Академияи ФФТ), Сафиаллоҳ Назарзода («Хатлон»), Шерзод Дадабоев («Барқчӣ») ва Партулло Хуршедзода («Орзу-2026») беҳтарин бозингарони Лигаи ҷавонон эътироф шуданд. Унвони беҳтарин мураббии солро ба Аҳлиддин Турдиев (Академияи ФФТ) лоиқ донистанд.

Ҳамзамон Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Академияи ФФТ) беҳтарин нишонзан (22 гол), Алиҷон Айнӣ (Академияи ФФТ) беҳтарин футболбози чемпионат эълон шуданд.

Ноябрь 28, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад