Дар Душанбе роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар мавзӯи «Механизми танзимкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид, ки дар он намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ иштирок намуданд.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи ҳамоиш шиносоии иштирокдорон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла Дастурамал «Дар бораи тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва тартиби ифшои маълумот ба муштариёни ташкилотҳои қарзӣ» мебошад. Натиҷаи бадастомада метавонад ҳангоми баррасии ҳуҷҷати зикршуда заминаи хуби назариявӣ гардад, иттилоъ медиҳад сарчашма.
Зикр гардид, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ яке аз самти асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон буда, баргузории ҳамоиш ҷиҳати таҳкими механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба натиҷаи фаъолияти феълӣ ва нақшаҳои минбаъдаи механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта рӯнамоии худро дар таҳлил бо таҷрибаи дигар давлатҳо манзури иштирокдорон гардониданд.










Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






