Дар Муъминобод бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияти 2 иншоот муваққатан манъ гардид

Ноябрь 2, 2019 12:49

МУЪМИНОБОД, 2.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси  ноҳияи Муъминобод  давоми  9 моҳи сипаришуда  4 ҳодисаи сӯхтор  ба қайд гирифта шуда, зарари умумии  он  9600 сомониро ташкил дод. Дар ин бора сардори қисми мустақили 52–юми  ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия, капитани хизмати дохилӣ Қурбоналӣ Шарифзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, таҳлили сӯхторҳо нишон медиҳад, ки  шумораи зиёди он  дар хонаи истиқоматии шаҳрвандон  ба амал меояд. Аз ин лиҳоз кормандони мо дар ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо шаҳрвандон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба пешгирӣ аз сӯхтор пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мемонанд.

Сабаби асосии дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон  ба амал омадани сӯхторҳо аз расиши кӯтоҳи  ноқилҳои барқӣ мебошад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ,  сари вақт хомӯш намудани сӯхторҳо  молу анволи  шаҳрвандон  ба маблағи 99000 сомонӣ наҷот дода шуд.

Мувофиқи  ҷадвали асосии пешгирӣ кардани  сӯхторҳо  дар иншооти хоҷагии халқ, дар ин давра  аз тарафи муҳандисону  нозирони гурӯҳ  ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори иншооти  тобеи Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, иншооти савдо ва дигар ташкилоту муассисаҳо  ва иншооти муҳиме, ки  дар нақшаи тақвимии шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб дарҷ гардидаанд,  санҷида шуд.

«Ҳангоми  гузаронидани санҷишҳо  нисбат ба 10 нафар шаҳрванд барои вайрон кардани  меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  тартиб дода шуда, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Маблағи  умумии ҷаримаҳои  басташуда  дар ин давра  4 ҳазору 251 сомониро дар бар мегирад. Инчунин бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи  қоидаҳои  бехатарӣ аз сӯхтор  ва иҷро накардани амрномаҳои  мақомоти назорати давлатии бехатарӣ  аз сӯхтор  фаъолияти  2 адад иншоот  муваққатан манъ карда шуд», — афзуд Қурбоналӣ Шарифзода.

Ноябрь 2, 2019 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад