Дар шаҳри Кӯлоб 12 коргоҳи истеҳсолӣ бо фарогирии 120 ҷойи кор таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб 12 коргоҳи хурд ва як корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли макарон, пахтатозакунӣ, сехи кӯрпадӯзӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, сангреза, истеҳсоли хишти сементӣ, мебел ва корхонаи хурди дару тирезаҳои пластикӣ, дар маҷмӯъ бо фарогирии 120 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Дар ин бора аз бахши саноати шаҳри Кӯлоб ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр гардид, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 207,8 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,1 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардида, 120,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумот, дар 10 моҳ дар шаҳри Кӯлоб 17,8 тонна макарон истеҳсол гардид.
Дар ин давра 28 корхонаи истеҳсолӣ, ба монанди ҶСК «Сомон Кӯлоб Таҷҳизот»- 14,6 маротиба, ҶДММ «Комбинати хонасозӣ» — 6,3 маротиба, ҶСК «Суғдиён» — 3,7 маротиба, ҶДММ «Суматра СТК» — 7,3 маротиба, ҶДММ «Иборатмоҳ» — 1,9 маротиба ва ҶДММ «Орзу- 2004» — 1,3 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Феълан КМ «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолияташро ба роҳ монда, дар ин давра ба маблағи 11,1 миллион сомонӣ ба андозаи 642 тонна ришта истеҳсол намудааст. Ҳаҷми маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад. Айни замон дар корхона 98 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар шаҳри Кӯлоб 41 корхонаи саноатӣ фаъол аст, ки аз ин ҳисоб 2 корхона бо сабаби мушкилоти молиявӣ ва нарасидани мутахассисони соҳа фаъолият надоранд.
Дар шаҳри Кӯлоб барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 309,3 га Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст, ки дар ин Минтақаи озоди иқтисодӣ зиёда аз 3750 ҷойи нави кор ва 3 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода шаванд.








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






