Дар Теҳрон машваратҳои консулии Тоҷикистону Эрон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 ноябр дар Теҳрон нишасти чоруми машваратҳои консулӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро, ки шомили кормандони масъули Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ ва ҳайати Эронро Мудири кулли Идораи консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон А.Муҳаммадӣ роҳбарӣ карданд.
Дар чаҳорчӯби машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба робитаҳои консулӣ миёни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд. Нишасти мазкур бо имзои протоколи машваратҳо ба анҷом расид.








Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






