Фарҳод Раҳимӣ: «Олимон дар ҷомеа ҳамеша мураббии наслҳоянд»

Ноябрь 15, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Олимон дар ҷомеа ҳамеша муррабии наслҳоянд. Саҳми Раҳим Масов дар рушди илми таърихи Тоҷикистон назаррас буда, ӯ дар асарҳои илмии худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст. Ин матлабро Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 80-солагии донишманди маъруфи тоҷик, муаррих, академик Раҳим Масов, ки имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи ватанӣ»  баргузор гардид, иброз дошт.

«Ҳарчанд академик, олим, донишманди зиндаёд Раҳим Масов имрӯз бо мо нест, корномаи ин шахсияти бузург бо мост. Раҳим Масов чандин кадрҳои соҳибтаҷрибаеро низ омода намудааст,  ки бо боварии комил метавон гуфт,  ин кадрҳо дар оянда мисли устод Раҳим Масов аз худ таҳқиқот ва асарҳои зиёде ба мерос мегузоранд»,-афзуд Фарҳод Раҳими зимни конфронс.

Марҳум аз соли 1988 то 2015 роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Академик Раҳим Масов муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ–оммавӣ ва 14 монография мебошад.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Убайдулло Насрулло  саҳми академик Раҳим Масовро дар рушди илми таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуда, чунин зикр кард: «Мутолиаи асарҳои академик Раҳим Масов  инсонро нисбат ба тақдири халқи тоҷик, талошу муборизаҳои он барои ҳифзи нангу ном, манфиату ҳуқуқҳои худ, ҷонбозии фарзандони озодандеш бетараф намегузорад. Ҷасорату ғайрати академик Раҳим Масов, ки воқеан барои қишрҳои тамоми ҷомеа сабақи мардонагист, бори дигар дар мубориза бар зидди таҳлилгарони таърихи халқи тоҷик пас аз пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ аён гардид».

Зимни конфронс гуфта шуд, ки асарҳои ин олими варзида на танҳо барои мутахассисони соҳа, балки барои ҳама қишрҳои ҷомеа таълиф шудаанд.

Дар конференсия аз ҷониби олимону муҳаққиқон дар мавзӯъҳои «Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи Тоҷикистон», «Саҳми академик Раҳим Масов дар таъсис ва рушди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон», «Ҳомии ҳақиқати таърих», «Саҳми Раҳим Масов дар тадқиқи Саразми бостонӣ» ба иштирокчиён маърӯза пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли 2018 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Масов дар синни 79 аз олам даргузашт.

                                                                                             Моҳинави НАВРӮЗ,
                                                                                                     АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид