Форуми байналмилалии «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон» бо гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардид

Ноябрь 20, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ ба кор оғоз намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, иштирокдорони  Форум, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, раисон ва котибони  комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, роҳбарони муассисаҳои олии касбӣ, сохторҳои шаҳрӣ,  ҳамчунин воситаҳои ахбори омма иборат мебошанд,  пеш аз   саршавии Форум бо мақсади арҷ гузоштан ба  таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик  дар пояи   муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар   гузошта, расми хотиравӣ гирифтанд.

Баъда аз гузоштани гулчанбар иштирокдорони  Форум ба  Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза»  омаданд. Дар ин макон тайи  ду рӯз форум идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз 11 ноябри соли 2019 бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишоф, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои муосири кор бо кӯдакон ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас  роҳандозӣ мегардад.

Аз ҷараёни баргузории  Форуми мазкур муфассал хабар медиҳем.

Ноябрь 20, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад