Форуми Душанбе мавзӯи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 14.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси»-и пойтахт бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» Форум баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Форуми мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои молиявии хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои қарздиҳӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.
Дар Форум масъулини соҳа, коршиносон ва роҳбарони лоиҳаҳои татбиқшаванда вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда маърӯза менамоянд.








Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






