ФУТБОЛ: дастаи «Регар-ТадАЗ» соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон гардид

Ноябрь 5, 2019 16:03

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои Чемпионати 28-уми  Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 4 ноябр дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб    баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар даври ниҳоӣ дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо дастаи «Хатлон» мусовӣ (0:0) бозӣ карда, медалҳои биринҷии чемпионати имсоларо ба даст овард.

Ёдовар мешавем, медалҳои тилло насиби дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, медалҳои нуқра насиби дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд гардиданд. Дар асоси низомномаи чемпионат дастаи  футболи  «Панҷшер», ки ҷои охирро ишғол кард, Лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи ҷои ҳафтуми чемпионат – «Хатлон» барои мондан дар Лигаи олӣ бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввал бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.

Мисли соли гузашта ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев беҳтарин нишонзан шуд. Имсол ӯ ба дарвозаи ҳарифон 16 тӯб ворид кард. Дар даври ниҳоӣ дастаҳои  футболи КМВА «Помир» ба  «Истиқлол»  бо ҳисоби 3:2, «Истаравшан»  ба дастаи футболи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:0 ва  дастаи  «Куктош» ба дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 5:3 ғалаба карданд.

Ноябрь 5, 2019 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд