ГӮЮ ЧАВГОН… Ин бозии қадимӣ дар сарзамини мо пайдо шуда, тадриҷан ба Осиё ва Аврупо гузаштааст

Ноябрь 18, 2019 13:36

ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Чавгонбозӣ  яке аз бозиҳои қадимии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, он дар  Фестивали ҷумҳуриявии бозиҳои миллии варзишӣ, ки марҳилаи ниҳоии он охири ҳамин сол дар Душагнбе доир мегардад, ба гурӯҳи намудҳои сабқат ва рақобати даставӣ шомил  гардидааст. Мақсад аз дохил намудани чавгонбозӣ ба Фестивали мазкур — ин эҳё ва рушди бозии чавгон дар мамлакат мебошад. 

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мамлакат баргузории  Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ роҳандозӣ гардид.

Фестивали мазкур аз  рӯи ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ  гузаронида мешавад. Ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ  8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ  10 номгӯй бозӣ дохил шуда, он  3 марҳиларо дар бар мегирад.   Марҳилаи  якум 20 марти соли равон дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи дуюм 8 сентябр дар сатҳи минтақа ва вилоят доир гардида, марҳилаи ниҳоӣ 15 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ҳадафи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз нав эҳё намудани бозиҳои қадимию фаромӯшшудаи миллатамон мебошад.

Доир ба  бозии чавгон дар китоби «Таърихи бозиҳои миллии халқи тоҷик»-и Шодӣ Сафаров чунин омадааст: «Чавгон- чӯбдасти саркаҷ буда, бо он дар чавгонбозӣ гӯйро мезананд. Чавгонбозӣ яке аз бозиҳои қадимиест, ки дар эронзамин пайдо шуда, тадриҷан ба кишварҳои дигари Осиё ва Аврупо паҳн шудааст. Ҳоло он дар барномаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ бо номи хокейи рӯи алаф дохил аст».

Ба андешаи мутахассисон, дар аввал чавгонбозӣ бо асп доир шуда, варзишгарон савори асп ба майдон мебаромаданд, ки ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд. Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва  майса низ гузаронида мешуд. Ин навъ варзиш бештар дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои арӯсиву хатнасур доир карда мешуд.

Тавре  устоди варзиш Холмурод Асоев мегӯяд, «чавгонбозӣ аслан дар асри II пайдо шудааст. Ин бозии дӯстдоштаи мардуми ориёитабор ба ҳисоб рафта, онҳо ин намуди варзишро ҳамчун нишонаи ҷасорату родмардӣ медонистанд. Аслан бозии чавгон се вожаи аслии тоҷикӣ дорад, ки ҳар се дар алоҳидагӣ як маънои томро ифода мекунанд: чавгон, гӯй ва бозӣ. Чавгон чӯби махсуси каҷкардашудаест, ки андоза ва шакли муайян дорад. Гӯй гирдаест (ва  ё тӯбе), ки  аз чӯб ё  пашми гов сохта  мешавад, аз ин рӯ он номи гӯйро гирифтааст ва бо чавгон ба он зада, чавгонбозӣ мекунанд».

Дар Тоҷикистон эҳёи чавгонбозиро ба солҳои 70-уми асри 20 алоқаманд медонанд. Соли 1970 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дастаи чавгонбозон бо номи «СКИФ» ташкил шуда, соли 1976 номи «Ҳосилот»-ро мегирад. Шурӯъ аз соли 1976 ҷавонони тоҷик аввалин маротиба дар мусобиқаи байни шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуданд. Соли  1978  пас  аз ду соли ивази ном дастаи «Ҳосилот» дар Лигаи якум баромад мекунад. Соли 1980 чавгонбозон ба Лигаи олӣ роҳхат мегиранд ва ҳамон сол дастаи яккачини чавгонбозони тоҷик ташкил карда мешавад. Соли 1982 дар спартакиадаи ҷавонон дастаи бонувони чавгонбози тоҷик низ таъсис дода мешавад. Дар ҳамон спартакиада дастаи мунтахаби бонувони мамлакат миёни 15 дастаи ИҶШС ҷойи дуюмро ишғол намуда буд. Чавгонбозони тоҷик дар се спартакиада — солҳои 1979, 1983 ва 1987 ҷойи панҷум-шашумро ишғол  карданд.

Дар бораи дастаи чавгонбоздухатарони «Суғдиён»-и Тоҷикистон, ки он айём яке аз дастаҳои пурқуввати собиқ ИҶШС буд, соли 1987 «Тоҷикфилм» филми «Духтарон аз Суғдиён»-ро ба навор гирифт.

Тавре зимни суҳбат мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №5 шаҳри Душанбе Хусрав Асоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имрӯз дар мамлакат таваҷҷуҳ ба рушди бозии чавгон зиёд гардида, дар 4 минтақаи  Тоҷикистон дастаҳои чавгонбозӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла,  дар шаҳри Душанбе 6 даста, вилояти Суғд 5 даста, вилояти Хатлон 2 даста ва дар ноҳияҳои тобеи марказ як даста мавҷуд аст.  Тоҷикистон узви Федерацияи чавгонбозии Осиё  (AHF)мебошад.  

«Аз соли 2017  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баҳри эҳёи намудҳои варзиши миллӣ, аз ҷумла чавгонбозӣ иқдомоти ватандӯстона роҳандозӣ карда, барномаи  эҳёи чавгонбозиро мураттаб сохтаанд. Айни ҳол дар дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод гурӯҳҳои писарона ва духтарона фаъолият доранд.  Аз ҳисоби варзишгарони беҳтарин дастаи мунтахаби Тоҷикистон созмон дода шуда, аъзои он дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат мекунанд. Дастаи яккачини Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, миёни 7 даста  мақоми панҷумро касб кард. Бояд гуфт, ки ҳамасола аз  ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва федератсияи чавгонбозии ҷумҳурӣ мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва Ҷоми федератсия гузаронида мешаванд»,- гуфт Хусрав Асоев.

Абӯалӣ ибни Сино  чавгонро  як намуди хуби бозиҳои варзишӣ ҳисобида, гуфтааст: «Чавгонбозӣ ҳамчун машқи серҳаракати муфид барои табобати баъзе бемориҳо тавсия дода мешавад».

Воситаи муолиҷавӣ будани бозии чавгонро дар ҳикояи «Маликаи Юнон»-и  китоби  «Ҳазору як шаб»  хондан мумкин аст. Тибқи маълумоти дар ин китоб овардашуда, маликаи Юнон аз бемории сахт тавассути чавгонбозӣ шифо ёфта буд.

Чавгон бозии варзишии даставӣ буда, ҳар як даста аз 11 нафар иборат мебошад. Бозӣ дар майдони махсуси андозааш 81 ба 50 метр  доир шуда, давомнокии он 70 дақиқа аст, яъне он аз 2 қисми 35- дақиқагӣ бо танаффус иборат мебошад. Лавозимоти варзишие, ки дар бозӣ истифода мешаванд, ин чавгон ва тӯбча- гӯй мебошад.

Ин навъ намуди бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба шумор рафта,  аз машҳуртарин намуди хокей дониста мешавад. Қоидаи чавгонбозӣ он аст, ки бо ёрии чавгон ва бе расонидани дасту пой ҳарчи бештар ба дарвозаи ҳариф  бояд тӯб ворид кард.

Айни замон дар дунё Федератсияи байналмилалии чавгонбозӣ  арзи ҳастӣ дошта, беш аз 100 мамлакат аъзои он мебошанд. Чавгонбозӣ намуди бозии олимпӣ ба шумор меравад. Дар он ҳам дастаҳои занона ва ҳам мардона ширкат меварзанд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои рушди бозии чавгон корҳои зиёде ба анҷом расонид. Зеро эҳё ва рушди ин навъи варзиш, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ба таърихи миллат ва эҳтиром гузоштан ба суннатҳои гузаштагон мебошад.

Аз ин рӯ метавон умед кард, ки чавгон ҳамчун  навъи варзиши миллӣ дар қатори  дигар намудҳо рушд  ёфта, мухлисони зиёде пайдо мекунад. Он рӯз дур нест, ки дар арсаи ҷаҳон чавгонбозони тоҷик бо маҳорати баланди худ  парчами  Точикистонро  баланд  бардошта, миллати моро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.

                                                                           Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2019 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт