Хушқадам Хусравов ва Сорбон Латифов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд

Ноябрь 11, 2019 09:21

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов   дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки 10  ноябр дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ ба поён расид, дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни то — 62 кило медали биринҷӣ ба даст оварда, бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размист, ки  аз   8 то  10  ноябр  дар  шаҳри  Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. 9  ноябр паҳлавонони дигари  тоҷик Сорбон Латифов дар ин чемпионат дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни то — 62 кило бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА сарфароз гардида буд. Ин  мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки  дар ин чемпионати  ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нуҳ нафар варзишгари шинохта: Акмалиддин Каримов (вазни то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Парвиз Додов (то 68 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 90 кг), Одилҷон Сафаров (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов (то 62 кг), Ҷамшед Умаров (то 57 кг) ва  Худоёр Раҷабзода (то 68 кг) оид ба самбои размӣ  дохил буданд. Аз байни онҳо ду нафар — Сорбон Латифов ва Хушқадам Хусравов соҳиби медал гардиданд.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои нишондодаи гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи имсола нисбат ба чемпионати самбои ҷаҳон дар соли гузашта хеле паст аст. Ба назари коршиносон, сабаби паст шудани натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар чемпионати самбои ҷаҳон ба ширкати хеле ками онҳо дар мусобиқоти имсолаи байналмилалӣ вобаста мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки паҳлавонони шинохтаи   тоҷик соли 2018 дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба самбо, ки моҳи ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест доир шуд, чаҳор медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило бори аввал ба унвони чемпиони ҷаҳон мушарраф гашта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, дар таърихи варзиши тоҷик ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки медали тиллои чемпионати ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овард.

Дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар Бухарест Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 74 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Медали сеюми биринҷиро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 62 кило оварда буд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқоти ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ варзишгарон (мардону занон) аз 70 кишвар барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) мубориза бурданд.

Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон 216 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои ҷойи якум 3000 доллар, барои ҷойи дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.

Дар мусобиқаи имсолаи чепионати  ҷаҳон варзишгарони 23 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд, ки дар байни онҳо аксариятро намояндагони 12 кишвари собиқи шӯравӣ ташкил медиҳанд. Зимнан, ватани самбо Россия мебошад. Варзишгарони ин давлат  бо касби 25 медал (20 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Дастаи  мунтахаби Муғулистон бо касби 11 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Украина бо касби 6 медал (2 тилло ва 4 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 2 медали биринҷӣ ҷойи 16-умро гирифта, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Бояд  зикр кард, ки  дастаҳои  мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи 5-ум, Қазоқистон бо касби 9 медал (4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи 8-ум, Туркманистон бо касби 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи 10-ум ва Қирғизистон бо касби 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи 11-умро соҳиб шуданд.

Ноябрь 11, 2019 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд