Имкониятҳои сайёҳию ҳунармандии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии тиҷоратӣ дар Қазоқистон муаррифӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандони Тоҷикистон дар 9-умин Форуми байналмилалии тиҷоратӣ, ки 12-13 ноябр дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Ҳамоиши мазкур яке аз чорабиниҳои солонаи калонтарини таблиғотӣ дар минтақа маҳсуб ёфта, дар он вакилон ва роҳбарони ширкатҳо, намояндагони бахши давлатӣ ва коршиносони соҳа аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва ИМА ширкат менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, намояндагони Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро дар ин форум ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нав намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар кишварҳои Германия, Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Франсия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қувайт, Қатар, Юнон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд, ширкат варзида, захира ва имкониятҳои сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ менамоянд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд






