ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Дар Тоҷикистон шаҳрвандони мубталои ин беморӣ таҳти васояти давлат қарор доранд
ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қандро ҷашн мегиранд. Ин таърих ба хотири он интихоб шудааст, ки имрӯз зодрӯзи табиб ва олими маъруфи канадагӣ Фредерик Бантинг аст. Маҳз Бантинг якҷо бо ҳамкасбаш Чарлз Бест соли 1922 якумин маротиба доруи инсулинро ихтироъ намуданд, ки он ҳазорон нафар беморони гирифтори бемории диабети қандро аз марг наҷот дод. Соли 2007 бошад, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаеро қабул намуда, ин рӯзро ба қатори идҳои байналмилалӣ ворид намуд.
Дар Қатъномаи мазкур гуфта мешавад, ки ҳамаи давлатҳои аъзо, сохторҳои дахлдори СММ, ташкилоти байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотии аҳолӣ оид ба диабети қанд, инчунин пешгириву табобати он бояд Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қандро таҷлил намоянд.
Диабети қанд бемории муттасиле мебошад, ки баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гармони ғадуди зери меъда) ба он хос аст. Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи он вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ба амал меояд. Он ду намуд мешавад. Диабети қанди навъи 1-ум ва 2-юм.
Мутахассиси эндокринологи Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ Мунира Мираҳмадова зикр намуд, ки солҳои охир дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон гирифторони бемории диабети қанд бештар гардида истодаанд.
Ба гуфтаи мавсуф, асосан бемории диабети қанди навъи 2-юм дар ҳоли паҳншавӣ қарор дорад.
«Бемории диабети қанди навъи якумро ба инсулин вобаста мегӯянд. Зеро бетаҳуҷайраи ғадуди меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил намекунад ё миқдори ҳосилашон кам аст. Бемории диабети қанди навъи дуюмро аз инсулин новобаста меноманд, чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил мекунад. Аммо дар ин гуна беморон инсулин вазифаи худро иҷро карда наметавонад. Аз ин хотир миқдори қанд дар хун зиёд мешавад», — афзуд Мунира Мираҳмадова.
Дар матлабе, ки бахшида ба ин рӯз дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид нашр шудааст, гуфта мешавад, ки шумораи гирифторони бемории диабети қанд дар олам сол аз сол зиёд шуда истодааст.
«Тибқи маълумоти соли 2014 дар олам 422 миллион шахсони калонсол аз бемории диабети қанд ранҷ мебурданд. Ин рақам соли 1980 ба 108 миллион баробар буд. Ин нишондиҳанда аксаран аз бисёрвазнӣ ва ё фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Тайи даҳсолаи охир нишонаҳои гирифтор шудан ба бемории диабети қанд нисбат ба давлатҳои даромадашон дар сатҳи баланд дар мамлакатҳои даромадашон миёна бештар гардида истодааст», — омадааст дар иттилоияи СММ.
Дар Қатъномаи қабулнамудаи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки бояд мамлакатҳои олам дастрасӣ ва фарогирӣ ба табобат ба беморони гирифтори диабети қандро муҳайё намоянд. Зеро мубтало шудан ба он сол аз сол афзуда истодааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон соҳаи афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муқаррар гардида, ҳуқуқҳои шаҳрвандони гирифтори бемориҳо, аз ҷумла мубтали диабети қандро қонунгузорӣ муайян намудааст.
Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани кумаки ройгону кафолатноки тиббӣ яке аз принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд муайян гардида, давлат ба шаҳрвандони мубталои ин беморӣ ҳуқуқи хизматрасонии иҷтимоиро кафолат медиҳад.
Ғайр аз ин бо мақсади паст кардани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017» қабул ва татбиқ карда шуд.
Дар асоси барномаи мазкур, фарогирии беморони гирифтори диабети қанд, таъмини онҳо бо инсулин, ба роҳ мондани табобати баландсифати кӯдакони гирифтори диабети қанд, назорати доимии онҳо аз ҷониби табибони эндокринолог ва амалиёти мухталифи ҷарроҳиҳои гирифторони ин беморӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуд.
Вале новобаста аз ин, — гуфт ҳамсуҳбати мо, солҳои охир дар мамлакат шахсони мубталои бемории диабети қанд зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳазору 191 нафар гирифторони бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд, аз онҳо 6 ҳазору 758 нафар вобастаи инсулин мебошанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бемории диабети қанд рӯ ба афзоиш аст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида, соли равон зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва таъмини инсулин ҷудо гардидааст»,- иттилоъ дода буд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ду сол қабл зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе.
Мутахассисони соҳаи тиб чунин мешуморанд, ки ба гурӯҳи якуми бемории диабети қанд шахсони аз 1 то 35-сола ва ба гурӯҳи дуюм нафарони аз 35-40-сола боло дохил мешаванд.
«Омилҳои пайдоиши ин беморӣ метавонанд ирсӣ, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, ғадуди зери меъда, бемориҳои эндокринологӣ ва ғадуди болои меъда бошанд. Инчунин хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифоёбии захмҳо аломатҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи дуюм метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ин хотир шахсоне аз 40-сола боло бояд камаш соле як ё ду маротиба аз санҷиши қанди хун гузаранд», — илова намуд Мунира Мираҳмадова.
Ҳамсуҳбати мо чунин тавсия дод, ки беморони гирифтори диабети қанд бояд дар як шабонарӯз 5-6 маротиба (тахминан пас аз ҳар 3 соат) бо миқдорҳои кам ғизо истеъмол намоянд.
«Ин барои пешгирӣ кардани сарбории зиёд ба ҳуҷайраҳои β-и бофтаҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда ҳангоми истеъмоли ҳар як ғизо ва барои таъмини азхудкунии нисбатан баробари он зарур мебошад. Тақсимоти дурусти истеъмоли ғизо аз рӯйи арзиши неру чунин аст: наҳории якум – 20 фоиз, наҳории дуюм – 10 фоиз, хӯроки нисфирӯзӣ – 30 фоиз, хӯроки пешин – 10 фоиз, хӯроки бегоҳирӯзӣ – 10 фоиз ва пеш аз хоб – 10 фоиз», — афзуд мутахассиси эндокринологи Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ.
Зимнан, дар замони муосир инсониятро бемориҳои зиёди сироятӣ ва табобатнашавандае таҳдид намуда, ҳамчун мушкилоти рӯз табибонро ба омӯзишу таҳқиқ ва пайдо намудани роҳи пешгирию муолиҷаи он водор сохтаанд. Бешак, яке аз ин бемориҳо ба фарбеҳии зиёд гирифтор шудан вобаста мебошад, ки шахсро то ба мубталои бемории диабети қанд ва дар охир ба марг оварда мерасонад.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон тамоюл ба афзоиш дошта, нигаронкунанда боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, гирифторшавӣ ба бемории диабети қанд бештар гардида, дар 70 – 85 фоизи нафарони мубталои ин беморӣ фарбеҳии аз ҳад зиёд ба назар мерасад.
Бо мақсади пешгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли фарбеҳшавии аз ҳад зиёд, ки дар охир сабаби гирифтор шудан ба бемории диабети қанд мегардад, 30 сентябри соли равон зимни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» қабул гардид.
Барномаи мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ ва оқибатҳои он таҳия ва қабул гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки мақсади ин Барнома дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои бо вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳӣ алоқаманд барои мустаҳкам ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, паст намудани хатари маъюбию фавти бармаҳал, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Табибон ба беморони гирифтори диабети қанд истеъмоли чунин ғизоҳоро тавсия медиҳанд:
– нони сиёҳ ва сафед дар як рӯз 200-300г;
– шӯрбои обпаз аз сабзавот. Шӯрбои сабук аз гӯшт ё моҳӣ бо сабзавот дар як ҳафта 1-2 маротиба;
– гӯшти гов, гӯсола, мурғ, хурӯси мурғи марҷон дар намуди обпаз ё яхнӣ;
– навъҳои камравғани моҳӣ дар намуди обпаз;
– таом ва хӯришҳо аз сабзавот ва кабудиҳо – карам, гулкарам, хӯриш аз шалғам, помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ (то 200 г). Дар як шабонарӯз 900-1000 г сабзавот дар шакли тару тоза ва обпаз;
– таом ва хӯришҳо аз маҳсулоти лӯбиёгӣ, ярма, макарон маҳдуд карда мешаванд;
– тухми нимпаз 1-2 дона/дар рӯз дар намуди чалпак, инчунин илова ба таомҳо;
– навъҳои мева ва буттамеваҳои турш ва туршу ширин (себи антонӣ, лимӯ ва афлесун, қоти сурх, тути заминӣ ва ғ.) то 200г/дар рӯз дар шакли тару тоза ва шарбат аз онҳо;
– шир, ҷурғот, панир дар шакли табиӣ ё самбӯсаи панирӣ. Панир, қаймоқ ба миқдори кам;
– хамира (ғайр аз намуди тунд) аз сабзавот ва шир;
– хӯришҳо аз сабзавот, моҳии камравған;
– чой, чой бо шир, қаҳваи суст, шарбати помидор, шарбатҳои мевагӣ ва буттамевагӣ аз навъҳои турш;
– равғани маска ва растанӣ дар як рӯз 40г (дар шакли табиӣ ва тайёр кардани ғизо).
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»