Миллате, ки театр надорад, миллат нест. Эҳдо ба Рӯзи театри тоҷик

Ноябрь 7, 2019 15:53

ДУШАНБЕ, 7.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Ба муносибати  ин санаи муҳим шоми имрӯз, соати 17:30, дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор мегардад. Рӯзи театри тоҷик ба таъсиси Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ иртибот дорад, зеро театри мазкур 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Рӯзи театри тоҷик дар мамлакат бо шукӯҳу тантанаи ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ин рӯз ба анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, коргардонҳо, драмнависон, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба  дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт ва нақшаҳои оянда ибрози назар мекунанд.

Ин  даргоҳи ҳунар мисли модари мушфиқ беҳтарин ҳунармандонро дар домони худ парваридааст. Бонувоне, ки тӯли солиёни зиёд ҳаёти худро сарфи саҳнаи театр кардаанд, ба монанди София Тӯйбоева, Туҳфа Фозилова, Хайрӣ  Назарова, Мушаррафа Қосимова, Тӯтӣ Ғаффорова, Марям Исоева, Сайрам Исоева, Тамара Абдушукурова, Дилбар Умарова, Фотима Ғуломова, Соро Сабзалиева, Савринисо Сабзалиева ва дигарон то ба имрӯз дар пешрафти театри тоҷик  ва тарбияи наслҳои баъдина барои рушду нумуъ додани ин санъати баланд нақши  арзанда доранд. Ҳар яке аз ин бонувони ҳунарманд мактаби махсуси худро дошта, солҳо дар саҳнаи театр ба тамошобинону мухлисон сабақи зиндагӣ меомӯзонданд. Ҳаёту фаъолияти ҳунарманд оинаест, ки ҳама дар он худро мебинад ва аз он сабақ мегирад.

Саҳми Абулқосим Лоҳутӣ дар рушди театр дар Тоҷикистон, ки бори аввал драмаи Шекспирро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, бебаҳо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон коргардонҳои театри Артиши Сурх аз Москва Э.Миттелман, А.Александрина, Кантселл бар пояи пйесаҳои Фуенте Овехуна Лопе де Вега, Отелло, Шоҳ Лир, Ромео ва Ҷулетта ҳунарнамоӣ кардаанд. Дар ин саҳна «Ду Веронет»-и В.Шекспир, «Роҳзанҳо» -и Ф. Шиллер, «Хизматгори ду хоҷа» -и К.Голдони, «Амаки Ваня»-и А.Чехов ва бисёр дигар спектаклҳо намоиш дода шудаанд. Солҳои 1990-1991 спектакли «Эдипус»-и  Софокл эҷод шуда буд, ки дар Москва муваффақияти беандоза дошт. Масалан, спектакли «Эдип» солҳои 90-уми қарни гузашта  берун аз мамлакати мо-дар саҳнаҳои бузурги Россия намоиш дода шуда, маъруф гашт. Коргардони таҳиягар ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар ин намоиш  Ҳошим Гадоев бо мукофоти давлатии  ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардонда шуд.

Тавре Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ки 62 соли ҳаёти хешро ба театри тоҷик бахшидааст, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, театр-ин муъҷиза аст. Гарсиа Лорка гуфта буд: “Миллате, ки театр надорад, миллат нест”.

Мавсуф зикр кард, ки миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим чӣ будани театрро медонистанд. Театр дар симои афсона, дар симои масхарабозҳо асрҳои пешин миёни миллати тоҷик аллакай вуҷуд дошт. Аммо расман пас аз инқилоби Шӯравӣ дар Тоҷикистон соли 1929 театри касбии тоҷик таъсис ёфт ва дар саҳнаи театри ба номи А.Лоҳутӣ бори аввал намоиши якпардагии “Калтакдорони сурх” манзури тамошобинон гардид.

Марям Исоева аз таърихи пайдоиши театри ба номи А.Лоҳутӣ чунин ёдовар шуд: “Вақте ки театр бунёд шуд ва Иҷлосияи I-уми нависандагон дар Москва баргузор мешавад, дар он устод Садриддин Айнӣ ва дигар намояндагони тоҷик иштирок мекунанд. Устод С. Айнӣ он ҷо бо нависандаи машҳури адабиёти  рус Максим Горкий шинос мешавад. Сипас М.Горкий мегӯяд, ки шуморо ҳам бо таъсиси давлати тоҷикон ва ҳам театре, ки нав бунёд шудааст, табрик мекунам, лекин барои театр асар навиштан даркор аст. Зеро дар ин солҳо драматургия дар Тоҷикистон ҳануз набуд. Баъдан М. Горкий ба устод С. Айнӣ тарзи навиштани асари саҳнавиро мефаҳмонад. Садриддин Айнӣ аввалин шуда, барои театри Лоҳутӣ асари якпардагӣ навиштааст. Дар оянда “Дохунда”-и устод С.Айниро саҳнавӣ мекунанд. Аввалин театр- театри Лоҳутӣ аст, ки падару модари театрҳои пасон бунёдшуда мебошад”.

Он солҳоро ҳунарпешаи дӯстдоштаи миллат Марям Исоева бо як ҳиссиёти наҷиб ба ёд оварда, иброз дошт, ки Садриддин Айнӣ дар ин иҷлосия ҳамчунин бо Абулқосим Лоҳутӣ шинос мешавад. “Вақте ки устод Айнӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан мекунад, Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳайрат мемонад ва ба назди И.Сталин даромада, аз миллати устод С.Айнӣ пурсон мешавад. И.Сталин мегӯяд, ки ин миллати тоҷик аст ва онҳо забони худро доранд. Пас А. Лоҳутӣ хоҳиш мекунад, ки ӯро ба Тоҷикистон барои истиқомат фиристонанд. Ӯ ба Тоҷикистон омада, аввалин шуда, асари Шекспирро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, ба саҳна мегузорад”,-гуфт М. Исоева.

Бонуи ҳунар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева шукронаи  соҳибистиқлолии мамлакат намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат истиқлолият ба даст овард ва бо ташаббуси Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло на танҳо дар пойтахт,  балки дар ноҳияҳову музофоти дурдаст низ театрҳои нав бунёд ё аз нав таъмир шудаву имрӯз дорои шароити хуб мебошанд.

Аз ҷумла, 25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт пешниҳод намуданд, ки Қасри мазкурро ба театри касбӣ табдил дода, ба он номи ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад.

«Басо рамзист, ки Кохи фарҳанг дар ҳудуди боғи ба номи ҳунарманди маъруфамон Маҳмудҷон Воҳидов қомат афрохтааст. Ба андешаи ман, рӯҳи абадзиндаи ин ҳунарманди маъруф ба насли имрӯзаи ҳунармандони ноҳияи Ашт мадад мекунад ва дар оянда аз миёни онҳо низ фидоиёни фарҳанги тоҷик ба камол мерасанд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири абадӣ гардонидани номи ҳунарманди маъруфи халқамон ва ба поси хизматҳои шоёни ӯ Кохи фарҳанг низ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад».

Устоди саҳнаи ҳунар Марям Исоева мегӯяд, ки “имрӯз бароям мояи хушбахтист, ки театри тоҷик ид дорад. Ман аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҳунармандону ҳунарпешагони тетари тоҷикро бо иди касбиашон табрик менамоям. Бигзор театри тоҷик ҳамеша рушд намуда, сазовори ҷоизаҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ гардад ва ҳамеша аз тамошобин пур бошад”.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир мекунад. Ҳунармандони тоҷик имрӯзҳо бо барномаҳои рангоранг на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо намудаанд.

Мояи ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва устодони саҳнаи театр аст, ки  ҳунармандони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар давлатҳо бо забони ноби тоҷикии хеш намоишҳои театрӣ манзур менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2019 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад