Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенберг
ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат ва дигар корхонаҳои бонуфузи Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониб ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати «Гленкор»-и Швейтсария бо «ТАЛКО»-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номиданд. Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир ТАЛКО ва Гленкор дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиёти тиҷоратиро ба анҷом расониданд. Дар назар аст, ки давоми 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, ба маблағи якуним миллиард доллари амрикоии дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори «Гленкор» ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла бо ширкати «Гленкор» дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.
Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати «Талко» ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди мамлакат зарур шумурда шуд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ
Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон






