Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле

Ноябрь 8, 2019 20:59

ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф изҳори сипос карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи Абрешим муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ — рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, минҷумла забон, фарҳанги куҳантаърихи миллат ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон аҳамияти басо муҳим касб кардааст.

Ҷонибҳо ҳадафи аслии ҳамкориро мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳои аъзои Созмон аз ҳисоби густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маънидод карданд.

То имрӯз номинатсияҳои «Шашмақом», «Наврӯз» ва «Чакан — санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад соли 2020- ум 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуда буд, таҷлил намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин лоиҳаҳои мазкур ва татбиқи нақшаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои минтақа, алалхусус Тоҷикистон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии давлати мо, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Дар ин зимн Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва истифодаи об, ҳамчунин захираҳои биосфера тақвият бахшида шаванд.

Дар робита ба ин атрофи мушкилоти рӯзмарраи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои манфии он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.

Мулоқот бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле 08.11.2019

 

Ноябрь 8, 2019 20:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон