ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад

Ноябрь 7, 2019 08:09

ДУШАНБЕ, 07.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ туман мефарояд. Дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакўҳии ҷумҳурӣ ҳарорати шабонаи қабати болоии хок 0-3 дараҷа хунукиро ташкил намуда, ба хунукзании бармаҳал оварда мерасонад. Шароити обуҳаво барои нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид пешгўӣ мешавад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард    ва рӯзона 3+8 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 11-16 дараҷа  хунук ва рӯзона  аз 2  дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тайирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8  дараҷа хунук ва   рӯзона    4+9  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона  13+15 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 7, 2019 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд