ПРЕЗИДЕНТ ВА ИЛМ. Баланд гаштани нақши илм ва олимон дар рушди давлатдории навин аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат сарчашма мегирад
ДУШАНБЕ, 16.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тамоми дастовардҳои илми тоҷик, бахусус Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, баланд гаштани нақши илм ва олимон дар рушди давлатдории навин аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба ин самти тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Ин матлабро Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
-Солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, ки ба сари халқу давлати Тоҷикистон душвориҳои зиёде омаданд, ба илму маорифи мамлакат, аз ҷумла ба фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Ҳатто, хатари аз байн рафтани Академияи илмҳо вуҷуд дошт. Вале мавқеи устувор, ватандўстона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба лаҳзаҳои душвори ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар хатари аз байн рафтани Академияи илмҳоро дур андохт. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо боқӣ монд, балки тавассути сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба иҷрои самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ равона гардонд.
Шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди расидан ба Истиқлол дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳия ва қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамуд. Зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи илм қабул шуд, барои рушди илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, беҳтар шудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва амсоли инҳо мусоидат намуд.
Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифзу тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик — Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, илм низ аз самтҳои афзалиятноки миллӣ ва стратегии мамлакат дониста шуд.
Мулоқоти аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимони ҷумҳурӣ 29 феврали соли 1996 баргузор гардида буд, ки дар он Сарвари давлат новобаста ба вазъияти душвори сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар масъалаҳои муҳими ҳаёти илмиро дар давлати соҳибистиқлоламон ба миён гузошта, дурнамои инкишофи илм ва вазифаҳои олимонро дар пешбурди ҳаёти иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурӣ, ҳамчунин иштироки фаъолонаи неруҳои илмиро дар эъмори давлати миллиамон муайян карда буданд. Дар ин мулоқот Пешвои миллат фаъолияти Академияи илмҳоро чунин арзёбӣ карда буданд: «Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои интеллектуалӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар миллату халқеро аз рўи ҳамин нишондиҳандаҳо, яъне дараҷаи рушди интеллектуалӣ ва маърифату тамаддунаш мешиносанду қадр мекунанд. Ҳар қадар ин оина покизаву беғубор бошад, ба ҳамон андоза симои маънавии миллату давлати мо рўшантару барҷастатар ба ҷаҳониён ҷилавгар мешавад».
Сардори давлат ҳамчунин таъкид намуда буданд, ки бидуни инкишофи илму фарҳанг пешрафти ягон давлат имконпазир нест. Худи ҳамон сол амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсилоти рўзона, тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии олимон ва нависандагон ба тасвиб расид. Ин иқдомҳои саривақтӣ ҳавасмандии олимонро ба фаъолияти пурсамар афзун намуда, ҷавононро барои машғул шудан ба корҳои илмӣ дилгарм сохт.
Дар ҳамин солҳои душвор Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Институти илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Институти биологии Помир таъсис дода шуданд.
Мулоқоти дуюм ва сеюми Пешвои миллат бо олимони ҷумҳурӣ ба истиқболи 50-солагӣ ва 60-солагии таъсисёбии Академияи илмҳо марбут буда, дар ин давра шароити илми академӣ хеле беҳтар гардид. Дар ин вохўриҳо масъалаҳои дастгирии минбаъдаи илму олимон, таҳким бахшидани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, тараққӣ додани илмҳои дақиқу техникӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва мусоидати олимон ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷомеа мавриди баррасӣ ва амал қарор дода шуда буданд.
Ҳамчунин, дар мулоқоти ҳарсола бо зиёиёни кишвар ва паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди илми ватанӣ, камбуду норасоиҳо дар фаъолияти муассисаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, Сардори давлат борҳо зикр намуданд, ки асри XXI даврони рушди илму технология буда, аз худ кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва технологияҳои муосир, ташаккули неруи солиму созандаи ҷомеа шарти асосии рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мебошад.
Соли 2005 бинои нави Институти гастроэнтерология ба истифода дода шуд. Ҳамчунин бо дастури бевоситаи Сарвари муаззами давлат барои пурзўр намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-амалии институтҳои зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, физиологияи растанӣ ва генетика маблағҳои зарурӣ ҷудо гардиданд, то ки онҳо барои ривоҷ додани усулҳои муосири биотехнология ва селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, ташкили низоми нави муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияҳои пешрафта дар сатҳи баланд тадқиқот баранд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сатҳ, сифат ва самаранокии коркардҳои илмӣ ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот, мутамарказ гардонидани неруи илмӣ ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар мамлакат, пурзўр кардани фаъолияти инноватсионӣ, такмил додани низоми тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисони ҷавони илмӣ, баланд бардоштани нақши Академияи илмҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, моҳи октябри соли 2010 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи ислоҳоти сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи солҳои 2001-2019 муассисаҳои нави илмию таҳқиқотӣ- Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти иқтисод ва демография, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази инноватсионӣ оид ба биология ва тиб, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омўзиши пиряхҳои Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Ҳамин тариқ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.
Имрўз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи асосии илмии ҷумҳурӣ рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро дар самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ таъмин менамояд. Масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии мамлакатро таҳлил мекунад. Дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳониро омўхта, ба истифодаи онҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Масъалаи муҳиме, ки дар назди Академияи илмҳо меистад ин ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонои соҳибистеъдод ва навовару ихтироъкор ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ мебошад. Бо ин мақсад шурўъ аз соли 2014 дар сохтори Академияи илмҳо магистратура таъсис дода шуда, фаъолияти аспирантура ва докторантураи анъанавӣ пурзўр ва шурўъ аз соли 2018 гузариши пурра ба зинаи докторантура аз рўи ихтисос, докторантура PhDшурўъ шуд.
Яке аз вазифаҳои асосии Академияи илмҳо ин ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад соли 1996 дар назди Раёсати Академияи илмҳо Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки барои ба даст овардани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии рушди табиат ва ҷамъият нигаронида шудааст, самти асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мебошад. Бо мақсади дастгирии молиявии рушди минбаъдаи он соли 1996 Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ таъсис ва таъмини фаъолияти он ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои илмии дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаи олимони Академияи илмҳо аз устувор шудани мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Феълан таваҷҷуҳи олимони Академияи илмҳо ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рўи самтҳои афзалиятнок ва муҳим-рушди гидроэнергетика; истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об; истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия; коркарди технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маснуъоти тайёр; мониторинги ҳолати сейсмикӣ дар қаламрави кишвар, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ; мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист; таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Таҳқиқот доир ба масъалаҳои энергетикаи алтернативӣ густариш ёфт. Астрофизикҳо таҳқиқи табиати метеорҳо ва метеоритҳо, фаъолияти кометаҳо ва сохтори астероидҳо идома доданд.
Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд. Навъҳои нави хўлаҳои алюминӣ коркард шуданд, ки бо устувории баланд нисбат ба зангзанӣ ва таъсироти механикӣ фарқ мекунанд. Тавсияҳо доир ба коркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ татбиқ гардиданд. Аз тарафи олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) мониторинг гузаронида шуд, ки бо истифодаи технологияҳои навтарини рақамӣ хатари сейсмикӣ арзёбӣ гардид. Харитаи хатари сейсмикии қаламрави Тоҷикистон тартиб дода шуд. Дар асоси натиҷаҳои мушоҳидаҳои муҳандисию сейсмометрикӣ дар сарбандҳои НБО-и “Норак” ва “Сарбанд” системаи назорати ҳолати ин сарбандҳо ҳангоми заминҷунбиҳо сохта шуд. Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ ва ташаккули конҳои бузурги маъданӣ маълумоти нав ба даст оварданд. Дар соҳаи омўзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология усулҳои ба таври фаврӣ муайян намудани ҳаҷми самараноки оби обанборҳо, пешгўии захираи обии дарёҳо, модели математикии мўътадилсозии кори иншооти бузурги барқӣ ва технологияи истеҳсоли коагулянтҳои алюминийи оҳандор аз хокаҳои бентонитии маҳаллӣ коркард шуданд. Дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ шаҳодатномадиҳии партовгоҳхои радиатсионии дар вилояти Суғд мавҷудбуда ба анҷом расид. Ҷустуҷўи «манбаъҳои бесоҳиб» идома ёфта, ҳамзамон феҳристи манбаъҳои радиоактивии вилояти Хатлон тартиб дода шуд. Нишондиҳандаҳои техникии обҳои чоҳӣ ва партовҳои саноати уранӣ омўхта шуданд. Дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани системаи муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияҳои пешрафта густариш дода шуд.
Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ омўзиши таърихи халқи тоҷик ва таърихи этникии Осиёи Марказӣ идома ёфта, кофтуковҳои бостоншиносӣ дар тамоми қаламрави кишвар ба роҳ монда шуданд. Файласуфон ва сотсиологҳо таваҷҷуҳи махсусро ба коркарди масъалаҳои фалсафии рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон равона намуданд. Дар соҳаи илмҳои филологӣ бо назардошти талаботи кунунӣ омўзиши таърихи адабиёти тоҷик ба роҳ монда шуд, масъалаҳои муҳими ҳолат ва рушди забони тоҷикӣ, сарчашмаҳои хаттии адабиёт ва фарҳанги тоҷику форс таҳқиқ гардида, нашри луғатҳои дузабонӣ оғоз шуданд. Дар соҳаи ҳифзи мероси хаттӣ “Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва нашр гардид. Олимони соҳаи иқтисодиёт дар таҳияи статегияву барномаҳои давлатӣ, коркарди механизмҳои иқтисодии рушди муносибатҳои бозоргонӣ, соҳибкории хурду миёна, фаъолияти инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд. Фаъолияти олимони соҳаи демография ба амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар соҳаи ҳуқуқ ва давлат масъалаҳои ҳуқуқи муосир ва байналмилалӣ, давлат ва давлатдорӣ таҳқиқ карда шуданд.
Дар замони истиқлоли давлатӣ аз ҷониби олимони Академияи илмҳо барои ихтироот беш аз 400 патент ба даст оварда шуда, қариб даҳ ҳазор кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 2500 китобу рисола, маҷмўаҳои илмӣ ба табъ расонида шуд. Ҳамчунин, дар ин солҳо олимони Академияи илмҳо 30 маъдани навро дар ҳудуди ҷумҳурӣ кашф намуданд.
Бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик бо олимони давлатҳои пешрафта дар солҳои охир корҳои зерин анҷом дода шуданд:
Фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «Помир-Чақалтой», ки дар дараи Оқ-Архари ноҳияи Мурғоби ВМКБ воқеъ буда, барои гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳастаӣ (ядроӣ) ва астрофизикии шуоъҳои кайҳонии энергияҳои фавқулбаланд бо давлатҳои манфиатдор нигаронида шудааст, барқарор карда шуд.
Расадхонаи байналмилалии «Санглох» аз нав ба фаъолият шурўъ намуд. Боиси ифтихор аст, ки 14 апрели соли 2015 Иттифоқи байналмилалии астрономҳо барои саҳми арзандаи олимони тоҷик дар таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла астероидҳо ва метеоридҳо, ҳамчунин бо дарназардошти фаъолияти пурсамари се расадхона дар Тоҷикистон, хусусан Расадхонаи байналмилалии “Санглох”, як сайёраи хурди системаи офтобиро бо номи «Тоҷикистон» расман ба қайд гирифт ва сертификати он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва ин боиси ифтихор аст, ки ягона кишваре, ки бо номаш сайёра дар коинот аст ин кишвари мо Тоҷикистон аст.
Бо мақсади ба шабакаи ягонаи сейсмикӣ пайвастани тамоми пойгоҳҳои зилзиласанҷии ҷумҳурӣ ва гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, пойгоҳи зилзиласанҷии “Симиганҷ” воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат таъмир ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади омўзиши гуногунии биологии мавзеи “Канаск” — и шаҳри Ваҳдат, «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон ва “Камароб” –и ноҳияи Рашт солҳои 2017, 2018 ва 2019 экпедитсияи комплексӣ бо иштироки олимони соҳа ташкил карда шуд.
Бо мақсади омўзиши хусусиятҳои мутобиқшавии навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ дар шароити баландкўҳи ноҳияи Мурғоб, моҳҳои май-июни соли 2018 дар мавзеи Булункўли ин ноҳия зироатҳои хўроки чорво кишт карда шуданд.
Дар асоси маълумоти чандсолаи таҳқиқот оид ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, китоби «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» таҳия ва нашр карда шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ беш аз 50 олими Академияи илмҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаҳо, мукофоту унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими Академияи илмҳо, ки ба он Пешвои муаззами миллат борҳо ишора намуданд, ин тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ мебошад. Ҷиҳати минбаъд тавсиа бахшидани корҳо дар самти тайёр намудани кадрҳои болаёқати ҷавон дар соҳаи илми академӣ Пешвои миллат 17 октябри соли 2019 санги асосро барои бунёди Мактаби зеҳнӣ дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ гузоштанд, ки он бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосир сохта шуда, ба он дар оянда хонандагони болаёқат аз тамоми қаламрави кишвар ҷалб карда мешаванд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки саҳми Пешвои миллат ва асарҳои пурарзишашон, ки ба таҳқиқу пажўҳиши таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик, чеҳраҳои мондагори олами сиёсату илму адаб, паҳлўҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба забону адабиёти оламшумули тоҷик бахшида шудаанд, ба рушди илми ватанӣ мусоидат намуданд ва ба бисёре аз масъалаҳои баҳсбарангез хотима гузоштанд.
Асарҳои илмиву таҳқиқотии Пешвои муаззами миллат аз як тараф дар боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда бошанд, аз сўи дигар, ин асарҳо намунаи олии тадқиқи холисона, илмӣ ва бунёдӣ буда, бо риояи методологияи таҳқиқоти илмии қабулшуда ва арзёбии воқеъбинона ба ҳодисаҳои таърихӣ ва баҳсҳои забонӣ таълиф шуда,дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ эътироф гардиданд ва дорои нақши пурарзиши илмӣ мебошанд.