Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

Ноябрь 22, 2019 17:48

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои  ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва табодули барномаҳои илмӣ-маърифтӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боулдери штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диққати ҷиддӣ доданд.

Тавре тазаккур дода шуд, солҳои охир муносибатҳои тарафайн дар ҳошияи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боулдер вусъати тоза касб намудааст.

Дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.

Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум  сурат гирифт.

Ноябрь 22, 2019 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд