Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Чин мулоқот намуд

Ноябрь 12, 2019 15:09

ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  11 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лэ Юйчэн баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир шуд, ҷонибҳо масъалаҳои иштироки ҳамаҷонибаи стратегии ду давлатро дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ намуданд.

Сафири Тоҷикистон ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Чин ҳамчунин оид ба ҳамкории ду давлат дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намуданд. Мусоҳибон зикр намуданд, ки миёни Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ гуфтугӯи доимии сиёсӣ барқарор гардидааст, ки зимни баррасии бисёре аз масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар рӯзномаи СММ, СҲШ ва МҲТБО мавҷуданд, мавқеи кишварҳои мо бо ҳам мутобиқ ва ё наздик мебошад.

Дар поёни мулоқот бори дигар алоқамандии ҷонибҳо ба таҳкиму густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд ва иштироки  стратегии ду давлати дӯсту ҳамсоя баён гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 12, 2019 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд