Самбочиёни шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок доранд

Ноябрь 8, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 8 то 10 ноябр  дар шаҳри Чонгҷуи Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур варзишгарони беш аз 70 давлат аз рӯи се равия – самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбои бонувон ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар ҳайати 9 нафар — Акмалиддин Каримов (вазни -57кг), Хушқадам Хусравов (-62кг), Парвиз Додов (-68кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-74кг), Зафар Олимшоев (-90кг), Одилҷон Сафаров (+100кг) дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латипов (-62кг), Фаридун Одилов (-82кг), Ҷамшед Қосимов (-57кг) дар самбои размӣ бо роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров ба Корея сафарбар гардиданд.

Барномаи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо

8 ноябр
Бонувон: 48кг, 60кг, 72 кг;
Мардҳо: 52кг, 68кг, 90кг;
Самбои размӣ: 57кг, 74кг, 100кг.

9 ноябр
10:00. Мусобиқоти муқаддамотӣ
Бонувон: 52кг, 64кг, 80кг;
Мардҳо: 57кг, 74кг, 100кг;
Самбои размӣ: 62кг, 82кг, +100кг.

10 ноябр
Бонувон: 56кг, 68кг, +80кг;
Мардҳо: 62кг, 82кг, +100кг;
Самбои размӣ: 52кг, 68кг, 90кг.

Оғози рақобатҳои муқаддамотӣ – соати 6:00, финал – 14:00 бо вақти Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 дар шаҳри  Сочии Россия Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 дар шаҳри Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самбо даст ёфта буданд.

Ноябрь 8, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд