САРБАЛАНД БО ПАРЧАМЕМ! Бо баланд бардоштани он ҳисси шодмонӣ аз ватандорӣ ҳамагонро фаро мегирад

Ноябрь 23, 2019 10:34

ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар як давлат аз қадимулайём нишонаҳои  давлатдории худро дошту дорад, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори  давлатдорӣ  ба шумор меравад. Парчами давлатӣ низ яке аз муқаддасотест, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами давлатӣ — ин пос  доштан ва ҳимоя кардани  Ватан, хонаводаву фарзандони худ ва таъриху суннатҳои халқу мамлакати худ аст. Ин матлабро мудири кафедраи фалсафаи  назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади  илмҳои фалсафа Нусратулло ЗОКИРОВ дар нигоштаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, иброз доштааст. Дар идомаи матлаб омадааст:

— Баъди ба  даст  овардани Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон дар  таърихи  давлатдории  муосири миллӣ  марҳалаи  нав  оғоз  гардид. Ин  марҳалае буд, ки  бояд рушди  босубот дар  мамлакат  таъмин  гардад,  сатҳи некуаҳволии аҳли  ҷомеа беҳтар  шавад  ва  натиҷаҳои  бузург  дар  ҳаёти  сиёсӣ, иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  ба даст  оварда  шаванд.

Нишонаҳои  асосии ҳар як давлати  соҳибистиқлол- ин доштани   тамомияти  арзиву  ҳудудӣ ва истиқлолияти  давлатӣ мебошад. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  баробари  ноил  гардидан  ба  Истиқлолияти  давлатӣ қадамҳои  аввалинро  дар  рушди  давлатдории миллӣ  гузошт. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низомию сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро муайян кунад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад.

Дар баробари  истиқлолият ба даст овардан дар  харитаи   сиёсии  ҷаҳон  давлати нав арзи вуҷуд  намуд. Тоҷикистон  истиқлолияти  худро  эълон  намуд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон  самти  сиёсати хориҷӣ  ва   дохилии  худро  мустақилона муайян  намуда,  дар  аксар   созмонҳои   минтақавӣ  ва  ҷаҳонӣ  аъзои  комилҳуқуқ  гардид. Махсусан, 2 марти  соли  1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои  СММ  гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ, ба  монанди  – СММ,  ЭКО, СААД, ИДМ, Созмони Конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғ. мебошад.

Тоҷикистони   соҳибистиқлол самти  давлатдории  худро  муайян намуда, низоми ҳуқуқии миллиро таъсис дод. Дар моддаи  1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».

Албатта, ноил  гардидан  ба  ормонҳои  истиқлолият  барои  давлати азизи  мо  бе қурбониҳо ва душвориҳои  сангин  ба  даст  наомад. Хушбахтона,  фарҳанги бузурги  тоҷикона  ғалаба кард ва дар  тафаккури шаҳрвандон ҳисси  ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан  аз гуноҳи якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат  дар  мамлакат   пойдор  гардид. Маҳз  ваҳдати  миллӣ ва  сулҳ нуктаҳои  асосие буданд,  ки истиқлолияти давлатиро  таҳким  бахшиданд ва  роҳро  барои бартараф  намудани  рушди  иҷтимоӣ,  сиёсӣ  ва  иқтисодии  ҷумҳурӣ кушоданд.

Дар  ҳамон  солҳои душвор моро  зарур  буд,  ки  ҳамчун давлати  соҳибистиқлол  муқаддасоти  миллии худ — Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро қабул намоем. Инчунин шиносномаи  миллат –Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Суруди  миллиро   халқи  тоҷик   дар соли  1994 ба  тариқи  раъёпурсии  умумихалқӣ  қабул  намуданд. Ин  буд, ки  дар  моддаи  3  Конститутияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  гардидааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд».

Қобили  зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва  дастовардҳои  истиқлолиятро  бо роҳбарӣ ва сарварии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ — Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  даст  овардааст. Махсусан  пешниҳодҳое,  ки  бо  сарварии Пешвои  миллат бо ҳифзи  манфиати миллӣ  ва  дарки  баробариву  ҳамкории судманд  дар  сатҳи  байналмилалӣ  манзур гардиданд, аз  ҷониби   СММ қабул  шуда,  сабаби  баланд  гардидани  обрӯи сиёсии Тоҷикистон  дар  сатҳи байналхалқӣ шудааст.

Дар таърихи  давлатдорӣ ҳар  халқу  миллат  ба дастовардҳое мушарраф  мегардад, ки онҳо ба  давраи  тӯлонӣ  рост меоянд.  Албатта, дар зарфи  28  соли  истиқлолият дар  фазои давлатдории  миллӣ  мо  ба  дастовардҳое  мушарраф  гардидем,  ки дар  таърих  баъзе  халқу  миллатҳо  давоми  садсолаҳо  ба  даст  наовардаанд.  Мардуми  шарифи Тоҷикистон тавонист, ки зери Парчами  давлатӣ сарҷамъ шуда,  монеаҳо  ва  нофаҳмиҳоро  дур  созанд ва  ба  дастоварди  беназир  ва муҳим – сулҳу  ваҳдат ноил  гарданд. Имрӯз  сулҳу  ваҳдат тавонист,  ки  давлати моро  аз  як  бунбасти  норавшан  ба  сӯи  рушду нуру зиё равона кунад. Ваҳдати  миллӣ  бе  дарки  худшиносии  миллӣ  муяссар  намегардад. Худшиносии  миллӣ  бино  ба  ақидаи  соҳибназарон, дорои  се нишона  аст:

— фарҳанг, расму оин ва дин;

— иқтисодиёту иҷтимоиёт;

— маърифати сиёсӣ ва давлатдорӣ.

Ин се  нишонаи  асосие  мебошанд, ки барои  таҳким  бахшидани худшиносии  миллӣ мусоидат  менамоянд. Бояд  зикр  намуд,  ки  дар   даврони  истиқлолият баҳри  бедории  худшиносӣ  ва  ҳувияти  миллӣ,  назари  амиқ   намудан  ба   таърихи  миллати  тоҷик, расму оинҳои  миллӣ ва рушди  фарҳанги  миллӣ  корҳои зиёде  ба амал  бароварда  шуданд. Инчунин худшиносии миллӣ ҳамчун омили тақвиятбахши ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон зери  Парчами  давлатӣ бар  зидди таҳдидҳои  ҷаҳони муосир  мебошад.

Мо  дар  раванди  таҳдидҳои  ҳалокатбори ҷаҳонишавӣ  қарор  дорем. Дар  баробари ин дар марҳалаи  бузурги миллатсозиву  давлатсозӣ  истодаем. Барои  миллатсозӣ ва давлатсозӣ аз таърихи  ҷаҳонӣ  маълум  аст,  ки  шаҳрҳои марказӣ  нақши  асосӣ  бозидаанд. Имрӯз  шаҳри  Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ҷумлаи  чунин  марказҳои ваҳдатофарин  қарор мегирад, ки  он  ҳамчун  пойдевор ва  заминаи  асосии таҳкимбахши  давлатдории миллӣ  мегардад.  Душанбе, ки рӯз аз рӯз  ободу  зебо мешавад, ҳамчун  маркази  ҳамгироӣ ва ваҳдатофарини тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  табдил мегардад.

Рушди иқтисодиёт ва  иҷтимоиёт  низ аз  нишонаҳои асосии худшиносии  миллӣ  аст. Бунёди роҳҳои оҳан ва мошингард, ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани  бунёди  неругоҳи бузурги аср —  «НБО Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» қадами бузург баҳри  иҷрои  ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.

Гирд  омадан  зери Парчами  давлатӣ ва тараннуми  Суруди миллӣ гувоҳӣ  аз  дарки  дурусти  масъулиятшиносӣ  ва  худшиносии миллии  қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Шаҳрвандони  мо  хуб  огоҳанд,  ки ҳар  ранге, ки  дар  парчами  мо  инъикос  ёфтааст – сабзу    сафеду сурх-  нишона  аз  фарҳанги сидқу  вафо,  ҷонбозиву  сарбаландиҳо,  садоқату  амонат, ободиву хуррамии миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги  тоҷик аст.

Парчами давлатӣ мазмуни амиқи фалсафӣ  дошта, он ҳадафҳои худро  таҷассум менамояд. Он рамзи  ифтихори  ҳар  як   шаҳрванди Тоҷикистон  аст. Ин  дар  ҳолест, ки  ҳар  як  шаҳрванд берун аз   ҷумҳурӣ худро  тобеи  Ватане  медонад,  ки  Тоҷикистон  ном  дорад ва бо он мефахрад, Тоҷикистон сарзаминест сарсабзу хуррам ва  мардумаш бофарҳангу  соҳибтамаддунанд. Донишҷӯёни тоҷик  дар  саросари  дунё бо  ин  Парчам  сарбаланданд  ва  бо бардоштани  он ҳисси шодмонӣ  аз  ватандорӣ  мекунанд. Варзишгарони  муваффақи  тоҷик бо  баланд  гардидани  Парчами  давлатӣ  ва  Суруди  миллӣ ашки шодӣ  мерезанд, ки гувоҳ аз  ифтихори  ватандӯстиву  ватандорист!

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлате бо номи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Ноябрь 23, 2019 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус