Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон–2019 соҳиби медали биринҷии «Osaka Grand Slam-2019» гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон–2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон медали биринҷии «Osaka Grand Slam-2019» ба даст овард. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Чемпионати мазкур 22 ноябр дар шаҳри Осакаи Япония оғоз гардида, 24 ноябр ба анҷом расид.
Бино ба иттилои манбаъ, Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг қувваозмоӣ намуд. Ӯ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари Франсия Бенймин Ахус, дар даври сеюм бар варзишгари Россия Евгений Прокопчук ғалаба кард. Вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Масашӣ Ебинума, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд, мағлуб гардид. Сомон Маҳмадбеков сипас, дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари дигари мизбон Арата Татсукаваро шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Япония Соишӣ Ҳашимото ва медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Муғулистон Одбайар Ганбаатар гардид.
Сомон Маҳмадбеков барои ҷои сеюм медали биринҷӣ ва 1500 доллари ИМА ҷоизапулӣ гирифта, соҳиби 500 хол гардид ва мавқеашро дар раддабандии ҷаҳонии олимпӣ беҳтар намуд. Ӯ феълан бо 2060 хол дар ҷои 16-уми вазни -73кг мавқеъ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 486 нафар варзишгарон, аз ҷумла 280 мард ва 206 зан аз 87 давлат ширкат намуданд.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






