Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Ноябрь 16, 2019 10:04

ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбари давлати мо Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфта, ба Сооронбой Жээнбеков сиҳатии комил, саодатмандӣ, ҳамчунин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин дар роҳи таъмини шукуфоии Қирғизистони дӯст таманно намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, алоқамандиашонро ба рушди мусбати ҳамаи паҳлӯҳои онҳо таъкид доштанд.

Президентҳои ҳарду кишвар зарурати ба харҷ додани саъю талошҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистонро бахусус таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин маъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доштанд.

 

Ноябрь 16, 2019 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд