Тарғиби ҳаёти солим. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ бунёд карданд

Ноябрь 11, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, инчунин  тарғиби тарзи ҳаёти солим   дар  ҷомеа дар бинои маъмурии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ барои бозии тенниси калон ва волейбол  мавриди  истифода қарор гирифт. Ҳамчунин  дар назди  майдончаи  мазкур  ҳавз  бо фаввора   навсозӣ гардид, ки барои истироҳат ва фароғати кормандон берун аз вақти корӣ мусоид менамояд.

Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи вазорат иштирок намуданд.

Бино ба иттилои  манбаъ,  майдончаи мазкур ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 411 метри мураббаъ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Арш — сохтмон» сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида  шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  чунин майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2017 дар қисмати ғарбии шаҳраки 92, соли 2018 дар кўчаи А. Навоӣ 57, маҳаллаи 112  ва моҳи июни соли равон дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтанд.

Охирин майдончае, ки вазорати мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дод, барои сокинони  биноҳои  М7/1, М7/3, М7/4, М7/5,  25 ва 26-и маҳаллаи Зарафшони  ноҳияи Сино  беҳтарин туҳфа дар ин ҷашн гардид.

Масоҳати умумии қитъаи замин  аз рўи лоиҳа 3700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин масоҳат майдончаи варзишии универсалӣ – 540 метри мураббаъ,  майдончаи бозии кӯдакон 470 метри мураббаъ,  макони истироҳати калонсолон 483 метри мураббаъ, масоҳати сабзазоркунӣ 1490 метри мураббаъ, масоҳати роҳу роҳравҳо аз сангҳои ороишӣ 1500 метри мураббаъ ва мумфаршкунии атрофи майдонча 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Майдончаи мазкур бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳудуди он бо гулу буттаҳои сабз оро дода шудааст.

Ноябрь 11, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд