Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ гардид

Ноябрь 19, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 19.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Тартиби ба роҳ мондани кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе  тасдиқ гардид. Дар ин бора  15 ноябр  Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин амал бо мақсади ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур, ҷараёни иҷрои тартиби мазкур ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор карда шудааст.

Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе»  барои  инъикоси васеи қарори мазкур  тавассути воситаҳои ахбори омма  вазифадор гардидаанд.

Ноябрь 19, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд