Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ балети «Куруши Кабир»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад

Ноябрь 7, 2019 15:43

ДУШАНБЕ, 07.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Феълан дар Тоҷикистон 16 театри касбӣ ва 26 театри халқӣ фаъолият мекунанд. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ заминаи асосии театрҳои  опера ва балети  Осиёи Миёна дониста мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо директори  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Манучеҳр ШАРИФЗОДА дар бораи бурду бохти театри мазкур ҳамсуҳбат шуд, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Аҳли эҷоди АМИТ «Ховар» Шумо ва аҳли кормандонатонро бо Рӯзи театри тоҷик табрик менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳанг низ чун дигар соҳаҳо рушду нумуъ карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Театри давлатии академии опера ва балет дар ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун симои миллии хешро чӣ гуна ҷилвагар карда истодааст?

Манучеҳр Шарифзода: Дар солҳои Истиқлолият санъати театрии тоҷик як марҳилаи бузургро пушти сар гузошт, ин бисту ҳашт сол-солҳои созандагӣ буданд. Дар ин солҳо даҳҳо асарҳои хуб рӯйи саҳна омаданд ва доманаи мавзӯъ низ васеъ буд. Дақиқтар бигӯем, Театри давлатии академии опера ва балет имрӯз низ иқтидору хусусиятҳои  хешро нигоҳ дошта, дар ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун симои миллии хешро ҷилвагар карда истодааст.

Дар партави сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми худро бо даҳҳо намоишҳои рангоранги классикиву муосир, ки мазмунан бо саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат, саҳми шахсиятҳои барҷаста, симоҳои  таърихӣ, фалсафаи маънавии башарият, хулоса ҳама он чизе, ки барои худшиносиву ватандӯстӣ, ободию озодии ҷомеа равон гардидаанд, сарбаландона ҳифз намуда истодааст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳайати эҷодӣ соли 1998 дар озмуни  байналмилалии хорсароён, дар шаҳри Анқараи Туркия иштирок намуда, миёни 39 мамлакати дунё сазовори ҷойи дуюм гардид. Ҳамчунин дар хори фолклорӣ низ ҳайати эҷодӣ баранда гардид. Ин дастовардҳо иштирокчиёни озмун ва дигар мутахассисонро ба тааҷҷуб оварда буд, ки чӣ гуна театри як давлати ноором дар сатҳи баланд омодагӣ гирифту ҳунарнамоӣ намуд.

Соли 2009-ро агар давраи пешрафт ва рушду нумӯи театр унвон кунем, хато намешавад. Дар ин солҳо ҳайати эҷодӣ,  пеш аз ҳама, барои миллӣ кардани хор ва ба мардум наздик гардонидани он кӯшиш ба харҷ дод. Аз ватани опера, яъне Италия Ҷерардо Колелларо ба сифати сардирижёр ва роҳбари бадеӣ ва якчанд навозандаи созҳо, аз қабили фагот, контробас, виолеончел, валторна, кларнет ва ҷуфти балет Эмил ва Айзада Акматовҳо  аз Қирғизистон даъват карда шуд.  Барои иҷрои нақшҳои Аида ва Амнерис аз операи «Аида»-и Ҷузеппе Верди ҳунармандон Римма Волтер ва Соро Эшонова аз Қазоқистон ҷалб гардиданд.

Дар ин давра, аз ҷумла балетҳои «Дон Кихот»-и Л. Минкус, «Шоми Миср»-и   С. Аренский, «Жизел» -и А. Адан ва операҳои «Дугонаҳо»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Комде ва Мадан»-и  З. Шаҳидӣ, «Аида»-и Ҷ. Верди, «Богема»-и Ҷ.Пуччини (ба забони итолиёӣ), «Кармен»-и Ж. Бизе (ба забони фаронсавӣ) таҳия ва намоиш дода шуданд.

Бояд махсус зикр кард, ки операи «Аида» яке аз душвортарин асарҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва на ҳар театр барои ба саҳна гузоштани он иқдом мекунад. Чун анъанаи дар дунё эътирофгардида «Аида» дар шаҳри Душанбе, дар пойтахти давлати тоҷикон бо забони аслиаш, яъне итолиёӣ гузошта шуд. Дастоварди бузург маҳсуб меёфт, ки ҳунарпешагони тоҷик бе душворӣ, озод, ария ва дуэтҳоро ба забони муаллифи опера иҷро менамуданд. Ин иқдом собит сохт, ки ҳунармандони мо имкон доранд минбаъд дар шумори беҳтарин ҳайати эҷодии театрҳои пешрафтаи дунё қарор гиранд.

Дар солҳои Истиқлолият Театри академии опера ва балет   спектаклҳои нав ва барқароршудаи операву балетҳои ҳам композиторони тоҷик ва ҳам классикии ҷаҳонӣ, ба монанди операи  балети «Жизел» — и А. Адан,  операи Т.Сатторов «Рустам ва Сӯҳроб», операи Т.Шаҳидӣ «Амир Исмоил», операҳои «Борбад» ва «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» — и  М. Бафоев, операҳои «Иоланта» ва «Евгений Онегин»-и П.И.Чайковский, балети «Маликаи хуфта»-и П. И. Чайковский,  балети «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев, балет- ораторияи Ф.Баҳор «Мақоми ишқ» ва балети «Зол ва Рудоба»-и Ш. Ашӯров дар саҳнаи театр намоиш дода шуданд, ки дастовардҳои навбатии театр мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Мегӯянд, ки театр як қитъаи афсонавист, ки зиндагиро ба тарзи нозук нишон медиҳад. Давоми қариб 30 соли соҳибистиқлолӣ фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон чӣ гуна нақш гузошт?

Манучеҳр Шарифзода: Бояд тазаккур дод, ки фарҳанг дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи назаррасро ишғол менамояд. Аз ин ҷост, ки ба ҳунар, хосса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»,  «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» баҳри рушду такомули соҳаи театрӣ ва муҳайё сохтани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳалли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳа ва фаъолияти пурсамари муассисаҳои театрии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки давоми ин солҳо фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ гузошт ва мегузорад. Воқеан театр воситаи таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон ба ҳисоб меравад ва дар ин самт нақши муҳиму арзишманд дорад.

Бояд гуфт, ки ҳар як намоиш вобаста ба мавзӯву жанри худ таҷассуми хоси саҳнавӣ талаб мекунад. Ҳалли саҳнавии намоишҳои классикӣ нисбат ба намоишҳои замонавӣ фарқ мекунад. Драматургони машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ», Ҷумъа Қудус «Мардҳо намегирянд», Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком», Меҳмон Бахтӣ «Чашмони интизор», Ато Ҳамдам «Писари ватан», С. Ғуломова «Ҳодисаи нангин», Ф. Ашур «Ҳасани аробакаш», С.Аҳмад «Исёни арӯсон», Ғ. Абдулло «Ҷомӣ ва Навоӣ», А. Атобоев «Оҳанги интиқом» ва даҳҳо тани дигар аз рӯи намоишҳои пурмазмуни офаридаи худ, ки дар тарбияи рӯҳияи миллӣ ва хештаншиносии ҷомеа нақши мондагор гузоштаанд,  то ҳол мақоми худро гум накардаанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳайати  эҷодии  театр соли 2019 барои тамошобинон аз асарҳои муаллифони шинохтаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ  кадом намоишҳоро таҳия ва  омода кард? Ҳангоми таҳияи намоиш ба кадом мавзӯъҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад?

Манучеҳр Шарифзода: Ҳайати  эҷодии  театр аз  аввали соли 2019 барои кӯдакони боғчаҳою кӯдакистонҳо, талабагони мактабҳои  миёнаи шаҳр дар таътили зимистона  кӯшиш намуд, ки намоишҳое  аз асарҳои муаллифони   маъмули  ҷаҳонӣ ва ватанӣ  таҳия ва  омода карда, дар онҳо масъалаи тарбияи насли наврас ва  ҷавонон дар роҳи дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ,   ахлоқу   рисолатҳои ҳамидаи  инсонӣ ва  ватанпарварӣ мақоми хоса дорад, пешкаши  тамошобинони наврасу ҷавон намояд.

Махсусан нахустнамоиши афсонаи мусиқии «Зебосанам ва Девсиришт» дар таҳияи режиссёр — таҳиягар Султон Усмонов бо персонажҳои афсонавии Аҷуза, Бобои Барфӣ, Барфак, ки дар даромадгоҳи театр тамошобинонро персонажҳои афсонаҳо Минён, Лунтик, Аждаҳор ва ғайра пешвоз гирифта, инчунин балети  «Шелкунчик»-и П.И. Чайковский ва «Золушка»-и С.Прокофйев  аз ҷиҳати мундариҷа ва аз  ҷиҳати мазмун  дар сатҳи баланди  касбӣ  таҳия гашта, ба тамошобинони  наврас  намоиш  дода шуд.

Хурсандиовар аст, ки дар ҳаждаҳ соли охир бори аввал моҳи январи соли равон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустнамоиши операи «Хусрав ва Ширин»-и Арбоби шоистаи Тоҷикистон Амирбек Мӯсо, муаллифи либретто Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, коргардон ва таҳиягар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилзода ва рассом таҳиягар Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров аз рӯйи достони ҳамноми Ҳаким Низомии Ганҷавӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуда, аз тарафи театршиносон, драматургҳо ва бастакорон баҳои баланд гирифт. Нақшҳои асосии намоишро ҷавонон иҷро намудаанд ва ин опера як дастоварди бузурги театр ба ҳисоб меравад.

Моҳи феврал операи «Алеко»-и Сергей Рахманинов, балети «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Сергей Баласанян, моҳи март опреттаи «Кӯршабпарак»-и Иоган Штраус пешкаши ҳаводорони опера ва балет гардонида шуд. Моҳи апрел балети «Фаввораи Боғчасарой»-и Борис Асафев, балети «Дон Кихот»-и Людвиг Минкус дар сатҳи касбӣ баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ҳайати эҷодии театр-солистони опера, оркестри симфонӣ, артистони балет ва хори театр ба ғайр аз гузаронидани намоишҳои нақшавии худ, инчунин дар баргузории чорабинии сиёсию фарҳангӣ  фаъолона ширкат варзида, дар сатҳи баланди касбӣ  ҳунару истеъдоди худро пешкаши меҳмонон ва тамошобинон мегардонанд.

Инчунин дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои  касбӣ  «Парасту-2019» МД Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо намоиши «Хусрав ва Ширин», оҳанги Амирбек Мӯсо, либреттои Гулназар Келдӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

АМИТ «Ховар»: Дар айни ҳол аҳли эҷодии Театри давлатии академии опера ва балет кадом намоишҳои навро таҳия карда истодааст, яъне ба мухлисон чӣ мужда мерасонед?  

Манучеҳр Шарифзода: Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикисон дар нақша аст, ки балети композитори тоҷик Амирбек Мӯсо, аз рӯйи либреттои Барот Абдураҳмон  «Куруши Кабир»-ро рӯи саҳна  монем. Ҳоло корҳои таҳиягарии ин асар идома дорад. Инчунин, операи П.И.Чайковский «Маликаи комёб» дар таҳияи коргардони ҷавону умедбахш Суҳроб  Усмоновро пешкаши тамошобинон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо санъати театр чист ва санъаткори ҳақиқӣ кист?

Манучеҳр Шарифзода:  Санъати театр аз ҳунарҳои зебоест ҳамчун шодӣ, хушбахтии бебозгашт, хандаи дар лаб нишаста, насими форами даргузар, ки дар қалбҳо ҳаяҷони ширине бедор мекунад. Тавре олими машҳури франсуз Виктор Гюго иброз медорад: «Театр кишварест, ки дар он мо қасрҳои латтагин, дарахтони коғазин, нуқраву тиллоҳои шишагин ва офтоби аз замин баромадаро мебинем. Театр дунёи ҳақиқиест, ки нақшбозон, тамошобинон ва дар паси парда будагон ҳама дили инсонӣ доранд». Санъаткори ҳақиқӣ бо нишон додани ҳунари асили худ таваҷҷуҳ ва ҳисси  инсонро барои дарки олами ҳастӣ, моҳияти зиндагӣ ва нигоҳи нав ба табиату инсонҳо  бедор месозад. Тамошобин пас аз тамошои намоиш ба саволҳои  худ посух меёбад, нигоҳ ва тафаккураш тағйир ва рушд мекунад.

Хулоса, театр бо пешниҳоди силсилаи намоишҳо зеҳни инсонро барои рушди афкори инсондӯстиву инсонпарастӣ, омилҳои гуногуни ахлоқӣ, зиндагиву ҳаёт равшану бедор месозад. Драматургон асарҳои худро дар заминаи мушоҳидаҳои воқеаҳои рӯзгору зиндагӣ бо завқи табиӣ ва хоси худ дар рӯҳияи тарбиявӣ эҷод намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум нақши бориз мебозанд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  бо кадом театрҳои опера ва балети давлатҳои хориҷӣ ҳамкории эҷодӣ ба роҳ мондааст?

Манучеҳр Шарифзода:  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо Театри калони академии Ӯзбекистон ба номи А. Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Абаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Театри миллии опера ва балети ба номи А.Малдибаеви Ҷумҳурии Қирғизистон, Театри  Кремлёвский балет, Театри академии мусиқии шаҳри Москва ба номи  К.С. Станиславский  ва Вл.И. Немирович-Данченкои Россия ҳамкории  эҷодиро   беш аз пеш вусъат медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Ба мухлисони санъат чӣ таманно доред?

Манучеҳр Шарифзода:  Таманно мекунам, ки тамошобинони тоҷик театрро дӯст доранд. Театр ягона санъатест, ки дар худ чандин санъати дигарро муттаҳид мекунад. Дар ин ҷо ҳунар аст, мусиқӣ аст, санъати либос ва ҳам маҳорати сухан гуфтан аст. Театр санъати зинда аст. Эҳсос кардани нафаси ҳунарманд кайфияти дигар дорад. Ба чашми ҳунарманд нигаристан ва дар симои  ӯ дарду шодии хешро дарёфтан тамоман таъсири дигар дорад. Дар театр ҳама чӣ зинда аст. Ҳунарманд вақте чанд бор як нақшро иҷро мекунад, ҳар бор нақш такмил меёбад. Инро фақат эҳсос кардан мумкин аст.

Мехоҳам хонаашон обод бошад ва ҳамеша фарҳангдӯсту ҳунарпарвар бошанд. Аз ҷавонон бисёр хоҳиш мекунам, ки пайрави гузаштагони хеш ва пайи ғизои маънавӣ бошанд. Орзу мекунам, ки ҷавонони мо мақсад дошта бошанд, орзу дошта бошанд ва барои расидан ба мақсадҳои хеш талош намоянд.

Ҳайати эҷодӣ ва  кормандони театр низ мекӯшанд, ки  ба тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва маънавии насли навраси мамлакат саҳми муносиб гузошта, санъати опера ва балети тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш муаррифӣ ва тарғибу ташвиқ намоянд.

Ноябрь 7, 2019 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург сухан гуфтанд
АМИТ «Ховар» бо Агентии давлатии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид
Агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон барои ҳунармандони истеҳсолкунандаи армуғон озмун эълон гардид
Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро барои ин филм оғоз намуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳунарҳои мардумӣ намоиш баргузор мегардад