Тирамоҳи заррин кори роҳрӯбони Душанберо афзудааст. Биёед ба қадри заҳмати онҳо расем!

Ноябрь 16, 2019 13:35

ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Инак,  нимае аз моҳи ноябр- охирин  моҳи  фасли тирамоҳ гузашт ва аввалин сардиҳо аз омадани фасли зимистон дарак медиҳанд.  Тирамоҳи заррин бо баргҳои тиллоранги дарахтон  Душанберо  боз ҳам зеботару диданӣ  гардонида бошад ҳам, кори поккорони онро дучанд намудааст.  Ҳанӯз субҳ надамида, вақте ки сокинону меҳмонони пойтахт дар хоби нозанд,  кормандони муассисаҳои давлатии  истифодабарии   роҳҳои ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  ба ҷамъоварии баргҳои хазонгашта ва тозаву ороста намудани кӯчаву хиёбонҳои  шаҳр  машғул мешаванд.

Хабарнигорони  АМИТ «Ховар» бо ҷараёни кори як гурӯҳ бонувони роҳрӯби  Муассисаи давлатии  истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, бо онҳо ва дигар  масъулини ин муассиса  ҳамсуҳбат гардиданд.

Ноҳияи Сино  миёни  ноҳияҳои пойтахт дар  ҷодаи  ободкорию тоза нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо аз дигарон   пешсаф аст.  Масалан, як далели ин гуфта  он аст, ки  ноҳияи мазкур дар озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола», ки  моҳи апрел дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид,   дар  номинатсияи  озмун байни ноҳияҳои пойтахт  ҷойи  аввал ва  Дипломи    дараҷаи 1-ро  соҳиб гардид.  Табиист, ки ин дастовард, пеш аз ҳама, ба меҳнати софдилонаю  шабонарӯзии кормандони муассисаи зикршуда алоқаманд мебошад.

Роҳрӯби  фаъоли ин муассиса  Фотима Мирбонова  зиёда аз 10 сол мешавад, ки  ба  тозаву озода гардонидани  кӯчаю хиёбонҳои шаҳр машғул аст. Номбурда дар суҳбат иброз дошт, ки  аз ин пешаи доштааш ифтихор дорад. «Ҳар гоҳ, ки  мебинӣ, сокинону меҳмонон  аз тамошои  дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор   ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи Душанбе  ба ваҷд  меоянд  ва медонӣ, ки  ин ҳама  аз самараи меҳнати  ту ва ҳамкоронат ба даст омадааст, хурсанд мешавӣ»,- мегӯяд ӯ.

Фотима ҳамчунин зикр кард, ки  «мо  роҳу роҳравҳо, гузаргоҳи зеризаминӣ, ҷӯйборҳоро ҳамарӯза рӯбучин ва тозаву озода мегардонем. Истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашониро  дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ дошта, дар мавридҳои зарурӣ таъмир  менамоем».

Зимни посух ба суоли хабарнигор дар бораи ба талабот ҷавобгӯ будани  шароити кор  барои рӯбандаҳо онҳо зикр карданд, ки аз вазъи мавҷудаи фаъолият  қаноатманд ҳастанд.

«Моро   пайваста бо либосу пойафзол ва асбоби корӣ таъмин менамоянд. Дар аввали моҳ  пешпардохт (аванс)  ва  дар охири  моҳ маошамонро пурра мегирем.  Дар арфаи иду ҷашнҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандӣ  мукофот ҳам мегирем. Дар ҳолати зарурӣ ба мо  аз ҷониби корхона кумаки молию моддӣ мерасонанд», — мегӯянд онҳо.

«Албатта,  тавре ҳамагон медонанд, кори мо мушкил  аст. Зеро реҷаи кори мо аз соати 03:00-и шаб  оғоз мегардад. Аммо вақте ки моро ҳамаҷониба дастгирӣ  мекунанд, мушкилии кор ҳам ба назарамон наменамояд», — гуфт  корманди дигари ин муассиса  Зуҳро Мирзоева  ва илова кард, ки  на ҳамаи  сокинони пойтахт атрофи манзили зисташонро тозаю озода нигоҳ медоранд ва бархе умуман  қоидаҳои шаҳрнишиниро  риоя намекунанд.

«Мо аз ҳамаи сокинони ноҳия  даъват ба амал меорем, ки ба қадри заҳмати сангини роҳрӯбҳо расанд, зеро тозагиву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки дигарон  онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу шикаста гарданд».

Сардори муассисаи мазкур Азизулло Зиёзода зикр кард, ки  ноҳияи Сино яке аз калонтарин ноҳияҳои пойтахт маҳсуб шуда,  масоҳати он  зиёда аз  43,8 км/ мураббаъро ташкил медиҳад ва   теъдоди аҳолиаш зиёда аз  307,3 ҳазор нафар  мебошад.

«Табиист,  ки ҳаҷми корҳои ободониву нигоҳдории роҳҳо дар ноҳияи мо  назар ба дигар ноҳияҳои пойтахт зиёдтар аст. Дар Муассисаи давлатии  истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино 1500 нафар корманд фаъолият дошта, 1100 нафари онҳо роҳрӯбон мебошанд.  Дар тавозуни муассиса 82 адад нақлиёт  қарор дорад, ки ба аҳолӣ дар бурдани партовҳо, кашонидани об ва дигар корҳо хизмат мерасонанд. Айни замон корҳои ободонӣ, таъмири ҷории роҳҳо, шинонидани гулҳо, ташкил намудани чаманзор, тоза нигоҳ доштани роҳу ҷӯйборҳо дар   ноҳия муташаккилона ҷараён доранд», — мегӯяд ӯ.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Сино  зиёда аз  14 546  бех ниҳол,  аз ҷумла   1444 бех  дарахтони сояафкан,  18732 бех  дарахтони ороишӣ  ва  4370  бех дарахтони буттагӣ    шинонида шудаанд.  Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия   1 111 599 дона гулҳои  мавсимӣ ва 211 000  дона лола шинонида ва  масоҳати 41545 ммайсазор  гардид.

Кормандони  Муассисаи давлатии  истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино айни ҳол  ба  давраи тирамоҳу зимистон омодагӣ мегиранд. Онҳо то имрӯз 738 м3 қум, 7000 тонна намак, 3800 литр сӯзишвории дизелӣ, 15 м3 ҳезум, 5 тонна ангишт  ва дигар маҳсулоти барои   ин мавсим  зарурӣ захира намудаанд. Инчунин 3 хонаи истироҳатиро барои навбатдорони шабонарӯзӣ  таъмир  кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»  дар шаҳри Душанбе низ ноҳияи Сино  фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардид.

Дар ҷамъбасти   озмуни «Кӯчаи беҳтарин»  хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино сазовори ҷойи   якум гардид. Ҳамзамон  дар озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи  «Хуҷандӣ»-и ноҳияи мазкур   ҷои дуюмро  соҳиб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки  дар хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи мазкур барои сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт  гулгаштҳои  нави   мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи каҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар воситаҳои ороишии дорои хусусиятҳои миллӣ  насб гардидаанд.

Тавре Азизулло Зиёзода  иттилоъ дод, навсозии хиёбони мазкур дар асоси  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Имрӯзҳо дар пойтахт садҳо майдончаю маҷмааҳои  варзишию  истироҳатии  мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ  барои  наврасону ҷавонон ва дигар биноҳои замонавӣ бо заҳмату талошҳои зиёд бунёд мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки  яке аз одатҳои  хубу  азалии  мардуми тоҷик тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, даҳлезу роҳравҳо  ва   атрофи бинои истиқоматӣ мебошад. Тоҷикон аз қадим суннате доранд, ки субҳро аз  тозаву озода гардонидани  атрофи манзили истиқоматӣ ва назди дарвозаи хеш  оғоз менамоянд. Пас, биёед, ба қадри заҳмати онҳое, ки шабу рӯз  дар поккории шаҳри Душанбе –пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд, бирасем ва мададрасони онҳо бошем.

Рухсораи НУР,
Тоҳирҷон САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2019 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид