ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup

Ноябрь 22, 2019 08:57

ДУШАНБЕ, 22.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додаст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».   

Дар ин раддабандӣ ҷои аввал ба Сингапур ва ҷои сеюм ба Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудааст.

Пажуҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба  мақомоти ҳифзи тартиботи  маҳали зисташон  бовар доранд, хабар додаст Gullup.

Дар баробари Тоҷикистон инчунин Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Узбекистон, Финландия, Чин, Олмон, Имороти муттаҳидаи араб шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд.

Дар маҷмуъ, зимни назарпурсӣ дар ҷаҳон аз се ду нафар – 69 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро амн эҳсос мекунанд ва  68 дарсад  изҳор доштаанд, ки  ба пулиси маҳаллӣ бовар доранд.

Ҳар нафари 8-ум, ё худ 13 дарсад гуфтаанд, ки соли гузашта моли онҳо ё наздиконашон ҳадафи дуздӣ қарор гирифтаст ва  6 дарсад изҳор доштаанд, ки мавриди ҳамлаю ғоратгарӣ қарор гирифтанд.

Дар Афғонистон танҳо 13 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона дар танҳоӣ худро амн эҳсос мекунанд. Ин нишондод як сол пеш ба 20 дарсад баробар будааст.

Ноябрь 22, 2019 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон