Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ниҳолпарварӣ»-ро муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»-ро муҳокима намуданд.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардида, дар он инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки татбиқи як зумра барномаҳои давлатӣ имкон дод, боғу токпарварӣ ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил ёфта, барои афзун гардидани иқтидори содиротии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузоранд.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи Қонун «Дар бораи ниҳолпарварӣ» муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ташаккули низоми ниҳолпарварӣ дар истеҳсол ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, бамеъёрдарории фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар анҷоми кори ҷаласаи Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд






