Ҳайати Тоҷикистон дар форуми CICA дар Чин иштирок намуд

Декабрь 20, 2019 13:34

ДУШАНБЕ, 20.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси сеюми форуми ғайриҳукуматии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Чунсин (ҷанубу ғарбии Чин) ифтитоҳ ёфт. Дар он сафири пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов ва Сафири кунунии Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок намуданд.

Дар конфронс дипломатҳо ва рӯзноманигорон аз Чин, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия, Покистон, Украина ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи форум сафирони собиқ ва кунунии Шри-Ланка, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар Чин суханронӣ намуданд.  Зимни суханрониҳо аҳамияти CICA дар нигоҳ доштани сулҳу субот дар минтақаи Осиё зикр гардид. Ҳайатҳо дар бораи корҳо дар самти рушди ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ бо кишварҳои дигар ибрози андеша намуданд.

Дар ин форум тақрибан 300 нафар намояндагони Чин ва кишварҳои аъзои CICA, аз ҷумла сиёсатмадорони собиқи баландпоя, коршиносон ва олимон, намояндагони корпусҳои муқими Чин ва ВАО иштирок намуда, мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд

Имрӯз 27 кишвари Осиё, аз ҷумла Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия ва Ӯзбекистон узви CICA ҳастанд. Саммити ин созмон бо иштироки сарони давлатҳои аъзои он мегузарад.

Ду саммити аввали CICA солҳои 2002 ва 2006 дар Алмаато (Қазоқистон), саммити сеюм соли 2010 дар Истанбул (Туркия), ва саммити чаҳорум соли 2014 дар Шанхай (Чин) баргузор шуданд.

Саммити панҷуми CICA 14-15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир гардид. Хотиррасон мешавем, ки  раиси  ин созмони бонуфузи олам   дар муддати солҳои 2018-2020 бар уҳдаи Тоҷикистон гузошта шудааст.

Декабрь 20, 2019 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид