Алишер Ҷалилов – беҳтарин футболбози соли 2019
ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни як чорабинии тантанавӣ дар Кохи «Суруш»-и пойтахт беҳтаринҳои футболро дар соли 2019 эълон кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи миллии мамлакат Алишер Ҷалилов беҳтарин бозингари сол эълон гардид. Беҳтаринҳо ҳамчунин дар номинатсияҳои лигаи наврасон, лигаи бонувон, лигаи ҷавонон, лигаи якум ва олӣ, миёни собиқадорон ва ғайра муайян шуданд.
Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар мавсими соли 2019:
ЛИГАИ НАВРАСОН (U-15)
Беҳтарин бозингар – Далер Маҳатов (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);
Беҳтарин мураббӣ – Ҷомихон Муҳиддинов (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);
ЛИГАИ НАВРАСОН (U-17)
Беҳтарин бозингар – Амирҷони Фаррухзод («Равшан»);
Беҳтарин мураббӣ – Ҷавҳаршоҳ Шоҳғиёсов («Равшан»);
ЛИГАИ ҶАВОНОН (U-18)
Беҳтарин бозингар – Алиҷони Айнӣ (Академияи футболи ФФТ);
Беҳтарин мураббӣ – Аҳлиддин Турдиев (Академияи футболи ФФТ);
ЛИГАИ БОНУВОН (U-15)
Беҳтарин бозингар – Рухшона Файзуллоева (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);
Беҳтарин мураббӣ – Фирӯза Шукурова (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);
ЛИГАИ БОНУВОН
Беҳтарин бозингар – Меҳрангез Шарипова (“Хатлон”);
Беҳтарин мураббӣ – Қурбонгул Қурбонова (“Хатлон”);
БЕҲТАРИНҲОИ СОБИҚАДОРОН
Беҳтарин бозингар – Сайҳомид Амиршоев («Пойтахт»);
Беҳтарин мураббӣ – Шоҳин Салимов («Равшан»);
ЛИГАИ АВВАЛ
Беҳтарин мураббӣ – Зайниддин Раҳимов («Локомотив-Помир»);
Беҳтарин бозингар – Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»);
ҲАЙАТИ ҶАВОНОНИ ЛИГАИ ОЛӢ
Беҳтарин мураббӣ – Камолҷон Ортиқов («Хатлон»);
Беҳтарин бозингар – Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»);
ЛИГАИ ОЛӢ
Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»);
Беҳтарин ҳимоятгар – Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»);
Беҳтарин нимҳимоятгар – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»);
Беҳтарин ҳамлагар – Шериддин Бобоев («Истиқлол»);
Беҳтарин довар – Насрулло Кабиров (Норак);
Беҳтарин мураббӣ – Виталий Левченко («Хуҷанд»);
Беҳтарин бозингари сол – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






