Аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад

Декабрь 3, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси  шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи ин қарор  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои  дар муҳлатҳои муайянгардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар  пойтахт тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамчунин муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои  пойтахт муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан, гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ  барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки корҳои тайёрӣ барои гузаронидани ин маъракаи муҳим тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» оғоз гардида буданд.

 Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи умумиҷаҳонӣ «Барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз  сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат мегирад.

Дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 технологияи муосир ва беш аз 35 ҳазор барӯйхатгирандагон истифода хоҳанд шуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1.3 миллион хоҷагӣ мавҷуд аст, ки ба ҳар нафар барӯйхатгиранда 400 хоҷагӣ рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бешаҳрвандӣ, ки замони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон муваққатан ҳастанд, шаҳрвандоне, ки муваққатан ҷумҳуриро тарк кардаанд, иштирок менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009   қабул шудааст, ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ новобаста аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000- ум бори аввал барўйхатгирии аҳолӣ, соли 2010 барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронид.

Декабрь 3, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид