АЗ МАСҶИДСОЗӢ БА МАКТАБСОЗӢ ГУЗАРЕМ. Бардошт аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз нуктае ёдовар шуданд, ки воқеан ҳар яки моро ба андеша водор месозад. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем».
Ҳамагон медонанд, ки баъди дарёфти истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озодиҳои эътиқодӣ нисбатан бештар шуда, таваҷҷуҳ ба фарҳанги динӣ афзун гардид. Давлат бисёр монеаҳоеро, ки дар ин роҳ ба вуҷуд омада буд, аз байн бурд. Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», таъсиси мақомоти давлатӣ амсоли Кумитаи дин, танзитми анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодию эътиқоди динии мардум, рушди маърифату фарҳанги исломӣ ва таълими динӣ шароит фароҳам оварда, фаъолияти динҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим даровард. Фаъолияти муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо вусъати нав пайдо карда, миқдори онҳо хеле зиёд ва теъдоди умумияшон ба беш аз 5000 адад расид.
Албатта, ин нишонаи ободии диёр ва осудагии некуаҳволии мардуми мост, аммо дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки, ба қавли Сарвари хирадмандамон «ғами фарзандонамонро ҳам бояд хӯрем».
Зеро фарзандони мо пеш аз ба масҷид рафтан бояд дар боғчаву кӯдакистонҳо тарбият бинанд, дар мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон тарбият ёбанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ донишу малакаи худро сайқал диҳанд ва соҳибилму соҳибкасб гардида, барои таъмини зиндагии худ, нафъ расонидан ба ҷомеа ва саҳм гузоштан дар пешрафти мамлакат омода шаванд.
Таълимоти ислом ҳам мо мусулмононро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш ҳидоят менамояд ва ҳадиси «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ» ҳам ба ҳамин манзур аст.
Пайғамбари акрам дар ҳадиси дигар мефармоянд, ки «фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шавад». Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки беҳтарин сармояи мо ҳамонест, ки дар роҳи илмомӯзии фарзандонамон сарф менамоем.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2019 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 32 муассиса аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардидааст.
Боварӣ дорем, ки соли 2020 ва солҳои минбаъда ин шумора боз ҳам бештар мешавад ва соҳибкорони саховатманду ватандӯсти мо даъвати Сарвари давлатро бо хушнудӣ пазируфта, бо бунёди мактабҳои замонавӣ дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ин баробар, итминон дорам, ки ходимони дини мамлакат ҳам дар мавъизаҳои хеш ба сокинон гӯшзад мекунанд, ки аз сафарҳои такрорӣ ба хонаи Худо, оростани маъракаҳои пурдабдаба, ки барои худнамоӣ анҷом дода мешаванд, ҳиссагузорӣ дар сохтани мактабҳо барои насли ояндасози давлат ҳазорон маротиба савоби бештар дорад ва мақбули даргоҳи Ҳақ аст.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки танҳо он ҷомеае ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки ба тарбияи насли навраси хеш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус карда, таъкид доштанд, ки «роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ
ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода






