Ба 2 ҳазор нафар кӯдакони ятиму бепарастори пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд

Декабрь 28, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 28.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба 2 ҳазор нафар кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки туҳфаҳои мазкур зимни барномаи фарҳангиву фароғатии солинавии «Шаҳри афсонаҳо», ки имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Сирки давлатии Тоҷикистон  доир гардид, тақдим шуданд.

Ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани фарорасии Соли нави мелодии 2020 ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасони пойтахт ташкил гардид. Дар барномаи мазкур қариб 2000 кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок намуданд.

«Толори Сирки давлатӣ бо тарзи хоси солинавӣ оро дода шуда, дар он рамзи асосии Соли нави мелодӣ – арча насб гардид»,- омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Барномаи идонаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 ба кӯдакони пойтахт расонд.

Дар идома барномаи рангини солинавӣ таҳти унвони  «Шаҳри афсонаҳо», ки дар асоси ҳикояи Убайди Зоконӣ «Муш ва гурба» дар шакли намоиши театрикунонидашуда, ки аз бозиҳои афсонавӣ, суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар васфи «Тоҷикистон», «Душанбе», «Шаҳри афсонаҳо», «Соли Муш» ва ғайра иборат буд, бо иштироки беш аз 500 нафар ба тамошо гузошта шуд.

«Бо пешниҳоди барномаи театрикунонидашуда ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд,  иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахайюлот ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид менамуданд», — афзуд манбаъ.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатиро шогирдони мактабҳои мусиқӣ, ансамблҳои бачагонаи пойтахт, кормандони Сирки давлатии Душанбе ва дигар гурӯҳҳои эҷодӣ бо ҳунари волои худ боз ҳам рангину дилкаш намуданд.

«Дар баробари ин, шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсолро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён тақдим карда шуданд, дучанд гардонид», — афзуд манбаъ.

Декабрь 28, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»