Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Душанбе доир гардид, муҳокима шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
«Мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур аз мутобиқгардонии дохилӣ ва истифодаи истилоҳоти ягона дар қонунгузории мамлакат, мушаххасгардонӣ ва такмили меъёрҳои алоҳидаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад», — афзуд манбаъ.
Дар назар аст, ки дар асоси лоиҳа ба Кодекси мазкур моддаҳои нав илова ва ва ба ин восита муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва давлат ҳангоми исбот, ҳатмӣ будани нишондодҳои суди марҳилаи кассатсионӣ, тартиби баррасии шикоят ва ғайра ба танзим дароварда мешаванд.
Акс аз бойгонӣ








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






