Барномаи «Звуки всюду»-и шабакаи телевизионии «ТВ Поехали»-и Россия имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муаррифгари асосии захираҳои сайёҳӣ дар арсаи олам воситаҳои ахбори омма мебошанд. Бо дарназардошти ин, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра шабакаҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳониро ҷалб намуд, ки дар ин замина табиати нотакрор, мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакат ба навор гирифта шуда, таблиғу ташвиқ гардиданд.
Дар заминаи ҳамин ҳамкорӣ, моҳи марти соли равон ҳайати эҷодии барномаи шабакаи телевизионии «ТВ Поехали»-и Федератсияи Россия бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади таҳияи барномаи «Звуки всюду» ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни сафар ҳайати эҷодии барнома бо имкониятҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва мавзеи сайёҳии Сафеддара аз наздик шинос шуд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз барномаи мазкур аз гӯшаву канорҳои гуногуни Федератсияи Россия ва ҷаҳон тамаддуну фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии як зумра кишварҳоро муаррифӣ намудааст.
Баъд аз пахши барнома моҳи декабри соли равон оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи иҷтимоии «Ютуб» намоиши мазкурро ҳазорон нафар диданд. Ҳамзамон тамошобинон оид ба барномаи мазкур, ки дар ду қисм таҳия ва пешниҳод шудааст, шарҳҳои худро гузошта, андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки дар ин давра якчанд агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ ва шабакаҳои ҷаҳонии телевизионӣ, аз ҷумла шабакаи якуми телевизиони Россия, шабакаи НТВ, шабакаи телевизиони Қазоқистон, агентии байналмилалии “Флай брозер”-и Америка, нашриёти Брадт, рӯзномаи “Зе телеграф”, рӯзномаи “Файненшл Таймс”, маҷаллаи “Философия отдыха”-и Федератсияи Россия, шабакаҳои ҷаҳонии “Нейшнл ҷеографик”, “Лонелу Планет”, агентиҳои иттилоотии “Кабар”-и Қирғизистон ва “УзА”-и Ӯзбекистон, ТАСС ва дигар воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ ба муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ҷалб гардида, маводи муаррифи имкониятҳои сайёҳӣ таҳия ва дар ин шабакаҳо пахш карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Ҳаводорони барномаи “Звуки всюду” имкон доранд барномаро оид ба Тоҷикистон дар линкҳои зерин дар шабакаи иҷтимоии “Ютуб” тамошо намоянд:
Қисми 1. https://youtu.be/-0ce-LY4Td8
Қисми 2. https://youtu.be/IzUfVhjaFO4








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






