Дар Душанбе барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад

Декабрь 25, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз муҳимтарин  рӯйдодҳои соли 2020 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ин маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  мебошад. Ин маъракаи муҳим дар пойтахт  аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ва босифат гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии умумии аҳолӣ  ҳамаҷониба омодагӣ мегирад.

Тавре масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Тибқи ин қарор  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои  дар муҳлатҳои муайянгардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар пойтахт тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамчунин муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои  пойтахт муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан, гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Хотиррасон  менамоем, ки  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ  барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки корҳои тайёрӣ барои гузаронидани ин маъракаи муҳим тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» оғоз гардида буданд.

Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи муҳим «Барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат мегирад.

Дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 технологияи муосир ва беш аз 35 ҳазор барӯйхатгирандагон истифода хоҳанд шуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1,3 миллион хоҷагӣ мавҷуданд, ки ба ҳар нафар барӯйхатгиранда 400 хоҷагӣ рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бешаҳрвандӣ, ки замони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон муваққатан қарор доранд, шаҳрвандоне, ки муваққатан ҷумҳуриро тарк кардаанд, иштирок менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009   қабул шудааст, ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ новобаста аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 бори аввал барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро гузаронид.

Зимни гузарондани барӯйхатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил на танҳо оид ба шумораи аҳолии  мамлакат, инчунин  дар бораи суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои он  аз рӯи ҷинсият,  синну сол,  нишондиҳандаҳои таваллуду фавт, шуғл, сатҳи маълумот  ва ғайра ахбори  муфид ба даст меояд.

Ҳамзамон номгӯйи кӯчаҳо, рақами хонаҳо, гузоштани лавҳаю рақамҳо, нақшаҳои ҷойгиршавии маҳаллаҳои шаҳрӣ, деҳоти калон ва  харитаи шаҳру ноҳияҳо ба тартиб дароварда шуда, барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ маълумоти аз ин маърака  бадастомада истифода бурда мешаванд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд