Дар Душанбе доир ба «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» машварати расмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе машварати расмии Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, кормандони соҳаи тандурустӣ ва шарикони стратегӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо мақсади дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар ҷумҳурӣ вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ чорабиниҳои зиёд, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конфренсияҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаи мубрами сироят бо Вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, норасоии ғизо, Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон ва Конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои байниноҳиявӣ 788 нафар кормандони тиб давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуданд.
Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сифат Иннотех Инвест» соли 2018 таъсис ёфта, таҳти шиори «Ҳамкорӣ ба хотири таъсис додани Тоҷикистони рақамӣ» фаъолият мекунад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба зиёда аз 676 нафар бемор амалиёти пайванди гурда ва ба 44 нафар ҷарроҳии пайванди ҷигар гузаронида шудааст. Бо мақсади коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи ҷумҳурӣ барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз дар 12 нафар бемор чунин амалиёт гузаронида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки то ҳоло дар ҷумҳурӣ ба 125 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст. Аз ин шумора 29 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон, 41 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар шаҳрванди Исроил ва дигар давлатҳо мебошанд.










НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






