Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид

Декабрь 24, 2019 17:15

ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони  соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, федератсияҳои варзишӣ, собиқадорони соҳа,  варзишгарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Азим Иброҳим зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки «бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва тақдими хосаи он дар маросими ҷамъбастии сол баёни он аст, ки ташаккул бахшидани варзиш ва дастгирӣ намудани варзишгарон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта,  халқи тоҷик ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ зери сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат устуворона ба марҳилаи нави  рушду ташаккул ва таҳкими идеяи миллати солим ворид гардида истодааст».

Дар маросими ҷоизасупории рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 42 нафар варзишгарони беҳтарини сол Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Аз  ҷумла, ҷоизаи мазкур ба Дилшод Назаров дар варзиши сабук  барои ҷои якум дар чемпионати Осиё (Қатар) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Баҳодур Усмонов дар бокс барои ҷои якум дар  чемпионати Осиё (Бангкок, Тайланд) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Темур Раҳимов дар гӯштини дзюдо  барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Комроншоҳи Устопириён  дар  гӯштини дзюдо барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини дзюдо барои ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (ш.Марокаш) бо маблағи 50 000 сомонӣ, Ғаниҷон  Ғаниев, дзюдо, барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 18  750 сомонӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  3600 м (Хуанджоу,Чин), бо маблағи 50 000 сомонӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  25,90 км (Хуанджоу Чин) бо маблағи 25 000 сомонӣ, Шодмон Ризоев дар гӯштини дзюдо барои ҷойи дуюм дар Чемпионати  Осиё байни ҷавонон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 12 500 сомонӣ, Аҳлия Муминова дар гӯштини дзюдо барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 6 250 сомонӣ, Абубакр  Шукуров дар гӯштини тарзи озод  барои ҷойи сеюм дар Чемпионати  Осиё байни наврасон (ш.Нур-Султони Қазоқистон) бо маблағи 6 250 сомонӣ, Мустафо Ахмедов дар гӯштини тарзи озод барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Нур-Султони Қазоқистон) бо маблағи 12 500 сомонӣ, Мансур Раҳмон  дар гӯштини дзюдо барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 6 250 сомонӣ, Далер  Ризозода  дар гӯштини юнонӣ – румӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонони  23-сола (ш.Уланбатори Муғулистон) бо маблағи 12 500 сомонӣ,  Далер  Ризозода дар гӯштини юнонӣ – румӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати  Осиё байни ҷавонон (ш.Ҷонпури Тайланд) бо маблағи 6 250 сомонӣ, Фируз Мирзораҷабов дар гӯштини юнонӣ – румӣ  барои ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон (ш.Софияи Булғористон) бо маблағи 25 000 сомонӣ, Фируз Мирзораҷабов  дар гӯштини юнонӣ – румӣ барои  ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш. Нур – Султони Қазоқистон) бо маблағи 18 750 сомонӣ, Шероз Очилов дар гӯштини юнонӣ – румӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш. Нур – Султони Қазоқистон) бо маблағи 6 250 сомонӣ, Шероз Очилов дар гӯштини юнонӣ – румӣ барои ҷойи дуюм дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон (ш.Софияи Булғористон) бо маблағи 37 500 сомонӣ, Абдураҳим Ёкубов дар бокс барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Фуҷайраид, АМА) бо маблағи 18 750 сомонӣ, Абубакр Муродов дар бокс барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш. Фуҷайраид, АМА) бо маблағи 12 500 сомонӣ, Маҳмадҳасан Шомаҳмадов дар таэквондо ВТФ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (Урдун) бо маблағи 6 250 сомонӣ, Сулаймони Ҷамшед дар гӯштини дзюдо барои ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (Бейрут, Лубнон) бо маблағи 12 500 сомонӣ, Фарорун Мирзошоев дар гӯштини дзюдо барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (Бейрут) ба маблағи 6 250 сомонӣ, Ислом Толибов дар гӯштини юнонӣ-румӣ барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасони то 15-сола (Ранкинг, Тайланд)  бо маблағи 18 750 сомонӣ, Насимҷон  Турдибеков дар гӯштини юнонӣ-румӣ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни наврасони то 15-сола (Ранкинг, Тайланд) бо маблағи 6 250 сомонӣ, Муҳаммадамин  Абдулоев дар гӯштини тарзи озод барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни наврасони то 15-сола (Ранкинг, Тайланд) бо маблағи 6 250 сомонӣ, аз рӯи  намудҳои ғайриолимпӣ Сиёвуш Ибрагимов дар таэквондо ИТФ барои ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон (ш. Пловдиви Булғористон) ба маблағи 50 000 сомонӣ, Муҳсинҷон Муллоҷонов дар таэквондо ИТФ барои ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 50 000 сомонӣ, Алишер Ахмедов дар таэквондо ИТФ барои ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 30 000 сомонӣ, Оятулло  Асадуллозода  дар таэквондо ИТФ барои ҷойи дуюм дар чемпионати  ҷаҳон байни ҷавонон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 10 000 сомонӣ, Сабина Тюряева  дар таэквондо ИТФ даставӣ барои ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 13 334 сомонӣ, Алишер Ахмедов дар таэквондо ИТФ  даставӣ  барои ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 13 333 сомонӣ, Муҳаммадҷон Давлатшоев дар таэквондо ИТФ даставӣ барои ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 13 333 сомонӣ, Сино Иброҳимов дар таэквондо ИТФ барои ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 7 500 сомонӣ, Муминҷон Нуров дар таэквондо ИТФ барои ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 7 500 сомонӣ, Мансур Шодмонов  дар таэквондо ИТФ барои ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон (ш. Пловдиви Булғористон) бо  маблағи 7 500 сомонӣ, Мансур Шодмонов  дар таэквондо ИТФ барои ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон (ш. Пловдиви Булғористон) бо маблағи 10 000 сомонӣ, Муфара Ҳалимова дар таэквондо ИТФ барои ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон (ш. Пловдиви Булғористон) ба маблағи 7 500 сомонӣ, Хушқадам Хусравов дар гўштини самбо барои ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон (Сеул, Корея) бо маблағи 30 000 сомонӣ, Сорбон Латифов дар гӯштини самбои размӣ барои ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон (Сеул, Корея) бо маблағи 30 000 сомонӣ, Асадбек Фатоев дар каратэ до ВКФ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (Малайзия) бо маблағи 3 750 сомонӣ, Умед Сафаров  дар каратэ до ВКФ барои ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (Малайзия) бо маблағи 3 750 сомонӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, маблағи ҷоиза 911 250 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ҳамоиши  мазкур  миёни ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз рӯи 15 номинатсия беҳтаринҳои соҳа эълон гардиданд:

Беҳтарин варзишгари сол байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпӣ:

Сиёвуш Ибрагимов (ИТФ)

Беҳтарин варзишгари сол байни калонсолон аз рӯи намуди олимпӣ: Баҳодур Усмонов (бокс).

Беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон аз рӯи намуди олимпӣ: Сомон Маҳмадбеков (дзюдо).

Беҳтарин варзишгар байни бонувон: Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук).

Беҳтарин дастаи варзишии  сол: Дастаи мунтаби наврасони то 17 солаи футболи Тоҷикистон.

Беҳтарин мураббии сол: Зайниддин Раҳимов.

Беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ аз намуди олимпӣ: Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Беҳтарин муассисаи варзиши сол: Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб»

Бехтарин федератсияи миллии рӯ ба рушд: Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Беҳтарин довари варзиши сол: Абдулло Саидхоҷаев.

Беҳтарин иншооти варзишии сол:  КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», Маҷмааи варзишии «Борбад», «Маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд».

Беҳтарин шаҳри варзишӣ: шаҳри Душанбе.

Беҳтарин сомонаи тарғибгари соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2019: Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар».

Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш: Телевизиони «Варзиш».

Беҳтарин шореҳи варзиши сол: Бобо Холмуродзода.

Ҳамзамон мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон» ва «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

                                               Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2019 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд