Дар Душанбе вазъи ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ баррасӣ шуд

Декабрь 12, 2019 16:37

ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе доираи васеи коршиносони минтақавию байналмилалӣ вазъи ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозиро баррасӣ намуда, дар ин ҷода тақвият бахшидани ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро муҳим шумориданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад.

Масъалаи мазкур зимни Форуми 3-юми минтақавӣ дар мавзӯи «Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозӣ», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ доир гардид, муҳокима шуд.

Дар форуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе, Намояндагии Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ, инчунин таҳлилгарон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм мавқеи намоён дошта, дар ин ҷода дар мамлакат тадбирҳои таъхирнопазир андешида шудаанд.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода баргузории форумро муҳим шуморида, гуфт: «Масъалаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».

Сиёсати давлатӣ дар ин ҷода, гуфт мавсуф, дар асоси муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии миллии қабулгардида ҳадафмандона татбиқ гардида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар ҷодаи мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад.

Натиҷаи ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Баргузории форуми минтақавии имрӯза низ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зикр намуд, ки Тоҷикистон ягона мамлакате мебошад, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амал барои татбиқи онро қабул кардааст.

Ташаббусҳои сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароии хушунатомез аз ҷумла дар фазои маҷозӣ гувоҳи онанд, ки мамлакати мо ҷонибдори пойдорӣ ва таъмини сулҳ дар арсаи ҷаҳон, инчунин омодаи ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.

«Тақвияти ҳамкории густурда бо шарикони байналмилалиро мо яке аз омилҳои муҳими татбиқи ҳадафҳое медонем, ки дар Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд»,- гуфта буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур пагоҳ, 13 декабр низ идома ёфта, коршиносони соҳа вазъи мубориза бо терроризму ифротгароии хушунатомезро дар фазои маҷозӣ баррасӣ мекунанд.

Декабрь 12, 2019 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид