Дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе арчаи солинавӣ қомат меафрозад

Декабрь 2, 2019 11:10

ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахт корҳои  омодагӣ  ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Соли нави мелодӣ оғоз гардида,  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар майдони «Дӯстӣ»,  дар паҳлӯи   Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ қомат меафрозад.  Дар назар аст, ки то 10  декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» айни ҳол ба ороиши арчаи идона машғуланд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, арчаи солинавии имсола аз арчаи соли гузашта 1-2 метр  баландтар  аст. Арчаи идона  бо  муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб мегарданд.

Ҳамчунин  бахшида ба соли нави мелодӣ 31 декабр  дар майдони «Дӯстӣ» баргузории  Шоу-барномаи солинавӣ ва дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,    «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  Боғи «Дӯстии халқҳо»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта мешаванд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат  дар назар дошта шудааст.

Имсол  дар арафаи ҷашни Соли нави 2020  дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»  бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ  бо ширкати «Рахш Такси»  ярмаркаи  фурӯши   солинавии  бошукӯҳ ташкил мегардад.

Тавре сардори шуъбаи маркетинги  «Рахш Такси» Руслани Сарбоз иттилоъ дод, дар назар аст, ки аз 1 декабр то 10 январ,  ҳамарӯза аз соати 10:00-и рӯз то 01:00-и шаб  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ярмаркаи солинавии  бошукӯҳ таҳти унвони  «Соли нави 2020»  роҳандозӣ  шавад.

«Дар ярмаркаи мазкур соҳибкорони муваффақи пойтахт ширкат намуда, маҳсулоти мухталифро  пешниҳоди  аҳолии шаҳр мегардонанд. Дар ин макон  соҳибкорон  имкони муаррифии маҳсулоти худро доранд. Сокинону меҳмонони пойтахт зимни  таҷлили Соли нави мелодӣ дар баробари фароғату истироҳат дар майдони «Дӯстӣ» метавонанд  бо маҳсулоти  соҳибкорон  шинос шуда,  хӯрокиву нӯшокиҳо ва дигар ашёи  писандидаашонро  харид  кунанд», -гуфт номбурда.

Ҳамчунин  чун анъанаи солҳои пешин  дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе  барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад.

Дар ҷашнгоҳҳои солинавии пойтахт  санъаткорону ҳунармандон суруду таронаҳои нави худро манзур намуда, баъди анҷоми  ин барномаи фароғатӣ, баробари фарорасии соли нав  мушакпаронӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки  шурӯъ аз  даҳаи охири моҳи декабр  дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили  Соли нави мелодии 2020  ташкил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли  гузашта  дар маркази майдони «Дӯстӣ»,  дар  паҳлӯи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ   бо баландии 25 метр  қомат афрохта буд.

Хотиррасон менамоем, ки Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро  таҷлил менамоянд. Он аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш императори Рум Юлий Сезар якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон аз  даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад.  Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ  то  ҳоло  якуми январ  ҳамчун   оғози соли нави  мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

АКСҲО АЗ БОЙГОНӢ.

Декабрь 2, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд